Баковул

(Тағйири масир аз Бакавул)

Баковул, бакавул, буковул — чашандаи ғизо, маъмури тадоруки лашкар ва соҳиби мансаби низомӣ, аз ҷумлаи муътамадон интихоб мегардид ва дар давраи муғулҳо яке аз вазифаҳои калон ба ҳисоб мерафт.

Вожашиносӣ

вироиш

Вожаи туркӣ – муғулӣ ё ҳиндӣ буда, эҳтимол, аз тариқи муғулон ва сулолаи Темуриён ба Ҳиндустон рафта бошад. Дар осори таърихию адабии форсӣ-тоҷикӣ ба маънои чашандаи ғизо, хонсолор, солорхон, чошнигир, пешмарг, боварҷӣ, доруғаи матбах, доруғаи боварҷихона корандозӣ мешавад. Мувофиқи навиштаи Рашидуддини Фазлуллоҳ дар «Ҷомеъ-ут-таворих», найманҳо ба ҷойи «буковул» вожаи «қисот»-ро ба кор бурда, муғулон онро «қирот» талаффуз мекарданд. В. В. Бартолд менависад, ки муғулон мутасаддии хӯрданиҳову нӯшиданиҳо доштанд, ки баъдҳо «буковул» ё «боварҷӣ» номида мешуд.

Вазифаҳо

вироиш

Бакавул, бар иловаи вазифаи асосии худ, вазифаҳои дигаре низ дошт, аз ҷумла, тақсими шикор дар байни шоҳзодагон, умаро ва лашкариён (Рашидуддин). Раиси бакавулон, ки амири бузурге ба шумор мерафт, умури «чарик»-у «лашкар»-ро бар уҳда дошта, мутасаддии тақсими хӯрокворӣ дар байни лашкариён ҳам буд. Дар давраи Ҷалоириён (1340–1432) вазифаи бакавул аҳаммияти бештаре пайдо карда, мувофиқи шаҳодати Муҳаммади Ҳиндушоҳӣ ва Шамси Муншӣ, пас аз «амир» муҳимтарин фард дар байни лашкариён – «оқо» ба шумор мерафт. Масолеҳи лашкариёнро таъмин карда, ҳуқуқи лашкариёнро, ки «девони бузург» таъйин мекард, ба онҳо мерасонд. Ҳуқуқи худи ӯро ҳам «девони бузург» муайян мекард. Дар давраи Темуриён (1369–1505) вазифаи бакавул тақсими ғизо дар ҷашнҳо (Шарафуддин Алии Яздӣ, «Зафарнома») будааст.

Дар давраи салотини каёнии Гелон (1475–1514) бакавул мансабдори низомӣ буда, ҳамроҳи сафир фармонҳои шоҳро тақсим мекард ва ӯро «Баковулшоҳӣ» меномиданд. Баъзеҳо ба бакавул вазифаҳои гуногунро нисбат додаанд; амири ҷанг, савганд додани умарои узом ва сардорони ҷангӣ барои риояи фармонҳо, ҷамъ овардани сардорон дар маҳалли хидмат, сафирӣ, таҳияи ғизо ва ғ. Дар давраи салтанати Ҳумоюн (1530–39) дар Ҳиндустон бакавул дар канори хонсолор кори баргузории ҷашн, таҳияи ғизо ва шарбатҳоро бар уҳда дошт. Гоҳе ба ӯ чатру туғ, ки хоссаи фармондеҳони низомӣ буд, ато мекарданд. Дар даврони Акбаршоҳ (1556–1605) бакавулро гоҳо ҷузви мулозимони шоҳ, гоҳе ҷузви дастаи навозандагон ё сарояндагон меҳисобиданд. Дар давраи Ҷаҳонгир (1605–1625) соҳиби ин мансаб «паковул» ё «паковулбегӣ» номида шуда, аслан низомии хабаррасон буд ва чанд нафар ба ӯ итоат мекарданд.

Дар даврони Сафавиён (1501–1722) бакавул ҷузви хидматгорони шоҳӣ ба шумор рафта, масъули ошпазхонаи шоҳ буд. Дар Олтин-Ӯрда вазифаи таъмини маош, хӯрду хӯрок, тақсиму ҷойгиркунии лашкарро ба зимма дошта, баковулӣ аз мансабҳои олӣ ба ҳисоб мерафт ва туманбегию мингбегӣ ба ӯ итоат мекарданд.

Дар Аморати Бухоро вазифаи дастархончӣ ва чашандаи таомро иҷро мекард.

Топонимика

вироиш

Бакавул дар топонимикаи ҶТ ҳам вомехӯрад:

Сарчашма

вироиш