Бакалавр (лот. baccalarureus — мулк) — коршиносӣ (порсӣ:کارشناسی) дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ, ки дар ин давра мутахассиси ин ё он соҳа доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш донишу малака ва маҳорати кофии касбӣ ҳосил менамояд[1].

Таърих

вироиш

Дар донишгоҳҳои асри миёнаи Аврупои Ғарбӣ ба донишҷӯёне, ки зинаи якуми маълумотгириро ба охир мерасониданд, унвони бакалавр дода мешуд. Дар Россия муаллимони академияи рӯҳониро бакалавр меномиданд. Дар охири садаи XVIII унвони бакалавр ба хатмкунандагони Институти муаллимини Университети Маскав дода мешуд. Ҳоло дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон унвони бакалавр ба донишҷӯёне дода мешавад, ки зинаи аввали таълимро (3-4 сол) ба охир расонидаанд.

Бакалавр дар Тоҷикистон

вироиш

Дар аксари мактабҳои олии Тоҷикистон (ДМТ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияю Тоҷикистон, ДДОТ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ДАТ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон ва ғайра) ҳам дараҷаи бакалавр вуҷуд дорад. Барои гирифтани дараҷаи бакалавр имтиҳон дар ду давра — моҳи февр. ва июн қабул карда мешавад. Шахсоне, ки имтиҳонҳоро бомуваффақият месупоранд, дар яке аз соҳаҳои илм — гуманитарӣ, табиатшиносӣ, математика ё техника соҳиби дипломи бакалавр мегарданд.

Дипломи бакалавр

вироиш
  1. Дипломи бакалавр ҳангоми ба кор даромадан имконияти ҳуқуқӣ медиҳад, ки ба ишғоли вазифаи дорои ихтисосҳои дараҷаи таҳсилоти олии касбӣ роҳ дода шавад.
  2. Дипломи бакалавр инчунин имконияти ҳуқуқӣ медиҳад, ки таҳсилот барои соҳиб гардидан ба дипломи (унвон)и магистр давом дода шавад.

Дипломи бакалавр шаҳодат медиҳад, ки шахси соҳиби чунин диплом дорои таҳсилоти олии касбӣ аст ва маълумоти олии касбӣ дорад.[2]

Ҳамчунин нигаред

вироиш
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» Боби якум. Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ.
  2. Bachelors degrees

Сарчашма

вироиш


Пайвандҳо

вироиш