Бактериемия (аз юн.-қад. βακτηρία — бактерия ва αἷμα — хун) — дар хун вуҷуд доштани бактерияҳо.

Бактериемия
МКБ-10 A49.949.9 (NOS) ICD-10-CM R78.81
МКБ-9 790.7790.7
eMedicine / 
MeSH D016470

Ангезандаҳо ба хун, асосан, дар мавриди бемориҳои сироятӣ роҳ меёбанд. Миқдори онҳо дар воҳиди ҳаҷми хун ба дараҷаи сироятангезӣ ва устувории организми бемор вобаста аст. Дар сурати бактериемияи бардавом, одатан, сирояти уфунатӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳангоми бемориҳои сироятӣ бактериемия роҳи асосии интиқоли ангезандаҳо тавассути бандпойҳои хунмак аст. Дар мавриди баъзе бемориҳои вазнин (лейкоз, осебҳои шуоӣ, сӯхтагӣ, баъзе бемориҳои сироятӣ ва ғайра) бинобар заиф гаштани нерӯи дифоии организм, имкон дорад, ки зери таъсири микроорганизмҳои шартан бемориовар (микробҳои рӯда, пӯст ва луобпардаҳо) бактериемияи номахсус низ рух намояд. Чунин навъи бактериемия барои инкишофи сирояти дохилӣ, аз ҷумла уфунат, заминаи мусоид фароҳам меоварад. Барои ошкор сохтани бактериемия аз таҳқиқоти бактериологӣ ва гоҳе бактериоскопияи хун истифода мекунанд.

Сарчашма

вироиш