Бактериолизинҳо
Бактериолизинҳо — моддаҳои биологие, ки боиси бактериолиз шудани ҳуҷайраҳои бактерияҳо мегарданд.
Бактериолизинҳоро бисёр бактерияҳо ва ҳуҷайраҳои организми ҳайвонот ҷудо мекунанд. Мас., Bact. pyocyaneum бактериолизинҳое ҷудо мекунад, ки ҷисми микробҳои ангезандаи бемориҳои сӯхтанӣ, домана, гулӯзиндонак ва ғ-ро ҳал мекунад. Бактериолизинҳои одаму ҳайвонот подтанҳое мебошанд, ки ҳангоми ба организм роҳ ёфтани бактерияҳо ҳосил шуда, ба нобуд гаштани онҳо мусоидат мекунанд. Дар зардоби масунӣ (иммунӣ) бактериолизинҳои махсус мавҷуд аст, ки подтанҳои он танҳо ба микроорганизмҳои муайян таъсир мерасонанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бактериолизинҳо // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.