Балабон
Балабон — сози мусиқии нафасӣ, ки байни мардуми Осиёи Миёна, Қафқоз ва Шарқи хориҷӣ маъмул аст.
Чун онро бо лабу даст менавозанд, баъзан манаҳчанг ҳам меноманд. Аз танаву сарпӯшак таркиб ёфта, ба найи лабӣ монанд мебошад. 8 сӯрох дорад, ки 7-тояшон дар қисми болои он ҷойгиранд. Дарозиаш 20-30 см, аз чӯби тут, зардолу ва чормағз сохта мешавад. Диапазонаш аз «сол»-и хурд то «до»-и октаваи дувум. Садояш фораму нафис буда, аксаран чун сози якканавозӣ (соло) ва, баъзан, бо ҳамовозии созҳои мусиқии зарбӣ (нақора, дойра, даф, таблак) навохта мешавад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Балабон / А. Раҷабов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.