Балаликтеппа
Балаликтеппа — кӯшки асрҳои 5–7 дар масофаи 30 км шимоли Тирмиз.
Таҳқиқот
вироишСолҳои 1953–55 Л. И. Албаум таҳқиқ намуд. Баландиаш 10 м, пойдевори кӯшк чоркунҷаи похсагин (30х30м) буда, дар сатҳи он 14 хона ҷой гирифтааст. Гирди он бо девор иҳота шуда буд. Як кунҷи девор манорае дошт, ки он вазифаи даромадгоҳро низ иҷро мекард. Дар садаи 6 дар саҳни ҳавлӣ хонаҳои нави маросимӣ сохта шудаанд. Аз хонаҳо зарфҳои сафолин: кӯза, табақ, коса, ҷомҳо, боқимондаи созҳои мусиқии чӯбӣ, табақи шишагин бо акси зане, ки кӯдак мемаконад, ёфт шуд. Боми хонаҳо ҳамвор, болорҳои чӯбини он кандакорӣ шуда буданд. Дар девори он нақши маросими пазироӣ – акси 28 марду зани ба рӯйи қолин нишаста бо рангҳои гуногун кашида шудаанд. Занҳо бо либоси гаронбаҳо, ҳаррир ва мардҳо бо камарбанду ангуштари тило ва занҳо бо гарданбанду ангуштарӣ, гӯшвору дастпона ва ҳамаашон дар даст ҷому оина тасвир шудаанд. Дар паси онҳо акси 12 хидматгор бо бодбезан намудор аст, ки ду баробар хурд тасвир шудаанд. Дар нақш акси Тахориён тасвир гардидааст. Нақшҳои либоси одамон хусусиятҳои умумӣ дошт, аммо наққош ҳар як қисми либосро бо рангҳои гуногуну маҳорати том офаридааст, ки як нақши либос ду бор такрор намеёбад. Нақшҳои Б. аввалин навъи санъати тасвирии Тахористон дар Осиёи Миёна ба шумор меравад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Альбаум Л. И. Балалык-Теппа. К истории материальной культуры и искусства Тохаристана. Ташкент, 1960;
- Гафуров Б. Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. М., 1972.
Сарчашма
вироиш- Балаликтеппа // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.