Баланддаҳлез
Баланддаҳлез ҷузъи санъати меъморӣ.
Қисми таркибии иншооти меъмории хонаи истиқоматӣ. Як навъи айвон, ки нисбатан камбару кӯтоҳтар буда, суффаи он аз сатҳи замин 130—150 см баланд мешавад. Дар қисми пеши мобайн яккасутун дорад, ки аксаран кандакорӣ мешуду боша дошт. Аз ду тарафи яккасутуни мунаққаш ду сутуни гурҷшакл (чортарош), ки нисфашон аз дохили девор барҷаста мебошад, насб мегарданд. Сутунҳои часпак бо сутуни марказӣ ба воситаи оваҳк (чӯбҳои дарози лӯлавӣ) пайвастагӣ доранд. Болорҳо аз лӯлачӯбҳои ҳамандоза интихоб шуда, қисми нӯгашон (ба дарозии 50-60 см) кандакорӣ мешуд. Забаррав баъзан ва синҷҳо доиман чортарош мешуданд. Вассаҳои баланддаҳлез гоҳе аз лӯлачӯбҳои резаи якандоза интихоб ва муқарнасӣ (ё пешовез) бар болои болорҳо чида мешуданд, ки шакли ороишӣ мегирифт.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Баланддаҳлез / Б. Раҳматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.