Баландзиком, баландзиғом (зиғом – аз шуғ­нонӣ – соз) — сози тории мусиқии қадимии тоҷик.

Хосси тоҷикони кӯҳистони Бадахшон буда, дар баъзе маҳалҳо онро танбӯр (ба сабаби монандии зоҳирӣ) низ мегӯянд. Б. аз коса, хазина, даста, қӯ­пак (сар), харак, торҳо (зил), торгир (ду адад) ва гӯ­шакҳо иборат буда, 90–105 см да­розӣ дорад. Қутри косааш 18–20 см, умқаш 12–14 см ва бари хазинааш 13–15 см мебошад. Б.-ро, одатан, аз чӯби зардолу, тут, чормағз ва нок месозанд. Қабл аз оғози кор чӯби мувофиқро ба тарҳи соз тарошида, як ҳафта дар об тар мекунанд, баъд онро хушконида бо ду навъ теша аввал беруну баъдан даруни косаву хазинаро (аз охири коса ба дарозии 30–35 см ба тарафи даста) метарошанд. Сипас ба рӯйи коса пӯсти ҳайвонот (аксар, пӯсти гӯсола, қис­ми шикам)-ро, ки хуб даббоғӣ шудааст, мекашанд. Ба рӯйи лабаҳои коса қабл аз пӯсткашӣ шилми зардолу ё елими махсус молида мешавад. Баъзан, барои мус­таҳ­камтар намудан, аз мехи нозуки чӯбӣ кор мегиранд. Б. ҳафт зарб дорад. Дар баландзиком торҳои 1–2-вум асосӣ буда, торҳои диг. резонаторианд. Баъди ҳар 2–3 тақтеъ ба тори 7-ум (зингак), ки дар қисмати боло ҷойгир шуда, нисбат ба диг. торҳо нозуктару кӯтоҳтар (зил) мебошад, захма зада мешавад. Ин амал танҳо ба хотири ба ҳам пайвастани лаҳнҳои як оҳанг иҷро мешавад. Беҳта­рин намунаи ин сози мусиқӣ дар Осорхонаи таъриху киш­варшиносии ш. Хоруғ (амали Усто Муродалӣ) маҳфуз аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш