Баландии назди Волга

Баландии назди Волга — баландии соҳили рости дарёи Волга, аз шаҳри Нижний Новгород то шаҳри Волгоград. Баландиаш то 384 м. Қисми бештари баландӣ 150–200 м аст. Бараш то 500 км. Ба сӯйи дарёи Волга рост, дар баъзе ҷойҳо зина ба зина, ба тарафи пастии Окаю Дон нишеб мефурояд. Аз гил, оҳаксанг, рег, бӯр ва мергел таркиб ёфта, релйефаш карстист. Баъзе қисмҳои баландии ало­ҳидааш кӯҳҳои Змеев, Жигули ва Столбичи ном доранд. Аз Шим. ба Ҷ. бешаҳои паҳнбарг ба бешадашт ва дашт иваз мешаванд. Заминҳои корам дорад, ки дар онҳо гандум, ҷуворимакка ва канаб мекоранд. Аз сарватҳои зери­заминӣ нафт, газ, асфалт ва фосфорит истихроҷ мекунанд.

Сарчашма

вироиш