Баландисанҷ — асбоби ҳавопаймойи дастгоҳи париш, ки баландии парвозро нишон медиҳад. Аз рӯйи сохт ва усули кор барометрӣ, радиотехникӣ, радифӣ ва гамма-нурӣ мешавад.

Б.-и барометрӣ барои муайян кардани баландии ба­ро­метрӣ ё баландии нисбии парвоз пешбинӣ шудааст. Усули кори Б.-и барометрӣ бар андозагирии фишори атмосфера асос ёфтааст, чунки бо зиёд шудани баландӣ фишори атмосферӣ кам мешавад. Аз ин рӯ, Б. на баландиро, балки аниқтараш, фишори ҳаворо андоза мекунад. Асбоб аз қуттии мембранадор иборат буда, тағйироти ҳолати он бо ду ақрабак (хурду калон) ба тарзи механикӣ пайваст аст. Сиферблати он ба 10 қисм тақсим шуда, ҳар қисм дар ақрабаки калон 100 м, дар ақрабаки хурд 1000 м-ро ифода мекунад. Баландии парвози дастгоҳи париш дар сатҳи замин (ё об) ҳамчун фарқи фишорҳои байни нуқтаи воқеъ будани асбоб ва фишори ҳаво дар сатҳе, ки баландии он муайян карда мешавад, ҳисоб карда мешавад. Фишори атмосферии сатҳ (мавзеи фурудоии дастгоҳи париш) ба халабони самолёт аз ҷониби хадамоти фу­рудгоҳ хабар до­да мешавад. Барои муайян кардани балан­дии парвоз дар Б. қимати фишори атмосферии замин (сатҳ)-ро дастӣ мегузоранд. Яке аз навъҳои Б.-и баро­метрӣ ба дасти одам бас­та мешавад. Барои андозаву назорат кардани баландӣ ва фишори атмосферӣ ҳанго­ми афтиши озод бо чатри наҷот (парашют) хидмат мекунад.

Тарзи кори Б.-и радиотехникӣ ба андоза кардани фосилаи вақти байни ирсол ва қабули мавҷҳои электро­маг­ни­тии инъикосшуда аз сатҳи об ё замини баландиаш ченшаванда асос ёфтааст. Фарқи Б.-и радиотехникӣ аз баро­мет­рӣ дар он аст, ки баландии ҳақиқии парвозро бо са­ҳеҳии бузург андоза мекунад ва ба фишори ҳаво вобаста нест. Онро, одатан, барои андозагирии баландиҳои хурди ба сатҳи замин (ё об) наздик истифода мебаранд, чунки барои андозагирӣ аз баландиҳои бузург манбаи афканиши пурқувват лозим аст. Асбоб аз ирсолкунандаи радио­мавҷ­ҳои фавқул­басомад, антеннаи равишдор (дар «шиками» дастгоҳи париш насб шудааст), қабулкунаки радио­мавҷ­ҳои инъи­кос­шаванда, асбоби коркарди сигналҳо ва асбоби визуалие, ки дар тахтаи асбобҳои тайёра ҷойгир аст, иборат мебошад. Камбуди асосии ин асбоб андозагирии баландӣ дар самти муайян мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи Б. танҳо дар ҷойҳои сатҳашон ҳамвор ба мақсад мувофиқ буда, дар кӯҳҳо ва мавзеи ноҳамвор истифода намешавад.

Барои андоза кардани баландӣ, инчунин, аз Б.-и ради­фӣ (GPS-қабулкунакҳо) истифода мебаранд. Тарзи кори он ба андозагирии яквақтаи масофа то якчанд (аз 4 то 6) радифе, ки дар мадорҳои муайян давр мезананд, асос ёфта­аст. Дар асоси ҳисобкуниҳои математикӣ асбоб мав­қеи нуқтаро дар фазо (координатаҳои φ ва λ), арзу тӯли маҳалро дар модели сатҳи Замин, баландиро (Н) нисбат ба модели миёнаи сатҳи баҳр (модели маъмули сатҳи Замин – WGS84) муайян мекунад. Б.-и радифӣ нисбат ба Б.-и барометрӣ ва радиотехникӣ бартарии зиёд дорад, чунки ба фишори атмосферӣ ва андозагирии масофа то релйефи табиии маҳал вобаста нест. Дар сохтори Б.-и гамма-нурӣ манбаи гамма-афканиш (одатан изотопи 60Со) истифода мешавад. Қабул­кунаки он афканиши фотонии аз объектҳои сатҳ инъи­кос­шу­даро қабул мекунад. Б.-ҳои гамма-нурӣ саҳеҳии калон дошта, ба таъсири халалҳои гуногун, ки ба ченкунии саҳеҳ таъсир мерасонанд, устуворанд. Б.-ҳои гамма-нурӣ барои андоза кардани баландиҳои на он қадар калон (якчанд метр аз сатҳ), асосан дар системаҳои нишасти нарми дастгоҳҳои париши кайҳонӣ истифода мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Волкоедов А. П., Паленый Э. Г. Оборудование самолётов. М., 1980.


Сарчашма вироиш