Баласон (модда)
Баласон, балисон — моддаест, ки аз дарахту буттаҳои баласон мегиранд ва ширешмонанди хушбӯй буда, таъми тунду турш дорад; асосан аз равғани эфиру зифти дар онҳо ҳалшуда иборат аст. Баласони табиӣ аз қадим ҳамчун давои бемориҳои захми меъдаю рӯда истифода мешавад. Вобаста ба таркиб хосияти зиддимикробӣ, рафъи бадбӯӣ ва балғамоварӣ дорад. Дар техника барои ҳосил кардани канифол, скипидар, ширешу лок, дар саноати атриёт, инчунин пардозгарӣ истифода мешавад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Баласон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.