Балбал
Балбáл — ҳайкали зан, ки аз санг тарошида, болои қабр ё теппа мегузоштанд. Баландиаш аз 1 то 4 метр мебошад. Аз дарёи Днестр дар Ғарб то ба Қаззокистону Муғулистон дар Шарқ вомехӯрад. Қадимтаринаш ба асрҳои 5-4 то милод, навтаринаш ба асрҳои 13-14 милодӣ мансуб аст. Олимон гузоштани «Балбал»-ро ба парастиши аҷдод марбут медонанд.
Дар Балбалҳо номи подшоҳони ғолибомада навишта мешуданд. Дар баъзе ҷойҳо якбора 300—350 балбалро дида метавонем.
Сарчашма
вироиш- Балбал // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.