Балгиром
Балгиром, Билгиром, Билигром (форсӣ: بلگرام) — шаҳри куҳан, яке аз қадимтарин марказҳои фарҳанги исломӣ дар иёлати Утар-Прадеши Ҳиндустон.
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландии марказ | 136 ± 1 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+05:30[d] |
Шиносаҳои ададӣ | |
Нишонаи почта | 241301 |
|
Шаҳрро султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба тасарруф даровард. Аммо баъд аз муддате, ба сабаби заъфи ҳукумати Ғазнавиён дар Ҳинд, дар Б. ҳукмронони ҳинду ба сари ҳокимият омаданд. Яке аз ҳокимони ҳиндунажод Сринагар дар наздикии Б. ҳамноми худ шаҳре бунёд кард. Баъд аз он ки султон Илтутмиш (ҳукмр. 1211–1236) – аз ҳукмронони ондавраи Деҳлӣ, Б.-ро боз ба қаламрави худ дохил кард, шаҳр бори дигар ба маркази илму фарҳанги исломӣ табдил ёфт. Аҳли илму адаби Б. аз авлоди Абулфараҷи Воситӣ ном шахсе мебошанд, ки баъд аз забти Бағдод аз ҷониби Ҳулогухон ба ин ҷо муҳоҷират карда буданд. Бозмондагони маъруф аз Воситӣ Мир Абдулҷалили Балгиромӣ (ваф. 1726), Мир Ғуломалӣ Озоди Балгиромӣ (муаллифи тазкираи «Сарви Озод»), Амир Ҳайдари Ҳусайнӣ (муаллифи китоби “Савонеҳи Акбарӣ”) ва диг. мебошанд. Б. яке аз шаҳрҳои калон дар Ҳиндустон ба шумор рафта, дар баъзе қисмҳои он осору ёдгорҳои меъмории мансуб ба асрҳои миёна дар шакли ободу хароба вуҷуд доранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- . دائرة المعارف بزرگ اسلامی. جلد ۱۲. تهران، ۱۳۸۳ هـ. ش.
Сарчашма
вироиш- Балгиром / М. Диловаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.