Бали[1][2] (Bali) — ҷазирае дар таркиби галаҷазираи Малайи Зонди Хурд дар Индонезия. Масоҳаташ 5,6 ҳазор км². Аҳолиаш 3,8 млн нафар (2010).

Бали
индон. Bali
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 5 632,86 км²
Баландӣ
3 031 м
Вақти минтақавӣ WITA[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 4 225 384 тан (2014)
Бали дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофия

вироиш
 
Харитаи ҷазираҳои Бали

Масоҳати ҷазираҳо 5780 км² ташкил медиҳад, дарозиаш — 150 километр аз шарқ ба ғарб ва 80 км аз шимол ба ҷануб.

Релеф

вироиш

Сатҳаш кӯҳсор. Ҷойи баландтарини Бали – вулкани Агунг (3142 м). Кӯҳҳояшро бешаҳои омехта фаро гирифтаанд. Соҳилҳояш баланд.

Иқлим

вироиш

Иқлимаш тропикии мавсимӣ; тобистонаш сербориш (бориши солонааш ба ҳисоби миёна–1500 мм), зимистонаш хушк.

Олами наботот ва ҳайвонот

вироиш
 
Тропические ҷангал дар Вали

Дар соҳилҳои Бали шолӣ, қаҳва ва какао парвариш карда мешавад.

Таърих

вироиш

Дар садаи XIV Бали дар таркиби давлати Маҷапахити Ява буд. Дар аввали садаи XX зери мустамликаи ҳолландиҳо, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–1945) – дар таркиби Ҷумҳурии Индонезия.

Аҳолӣ

вироиш

Ҳамагӣ дар ҷазираҳо 4 225 384 инсон (2014) зиндагӣ мекунад. Бо оғози асри XXI аҳолии ҷазираҳо беш аз миллион нафар афзудааст.

Шаҳрҳо

вироиш
  • Денпасар — пойтахт ва бузургтарин шаҳри ҷазираҳо.
  • Сингараҷа — шаҳри саноатӣ дар шимоли ҷазираҳо.
  • Кута — шаҳри курортӣ.
  • Убуд — маркази ҳаёти бадеии Бали.

Сайеҳӣ

вироиш
 
Ғуруб дар Бали

Ҷазираҳои Бали, маркази туризми байналхалқист.

Фарҳанг

вироиш

Бали маркази фарҳанги ҳунари бостонии Индонезия буда, кандакорӣ дар чӯбу устухон, деворнигорӣ, гулпартоӣ дар матоъ (Батик), ниқобсозӣ тараққӣ кардааст. Ёдгорҳои меъморӣ зиёданд: «Мазори шоҳон (асри 11), «Ғори фил» (асри 13) ва ғайра. Аз ин рӯ, Балиро «ҷазираи ҳазорон маъбад» меноманд.

Адабиёт

вироиш
  • Коригодский Р. Н., Кондрашкин О. Н., Зиновьев Б. И., Лощагин В. Н. Большой индонезийско-русский словарь. — М., 1990. — Т. 1.
  • Поспелов, Евгений Михайлович. Географические названия мира. Топонимический словарь. — 2-е издание. — М.: Русские словари: ООО «Издательство Астрель»: ООО «Издательство ACT», 2002. — С. 512. — ISBN 5-93259-014-9.
  • Дёмин Л. М. Остров Бали / АН СССР, Институт народов Азии.. — М.: Наука, Глав. ред. вост. лит., 1964. — 304 с. (обл.)
  • Улиг Г. Бали — остров живых богов / Гельмут Улиг; Пер. с нем. — М.: Наука. Главная редакция восточной литературы, 1990. — 264 с. — (Рассказы о странах Востока). — 15 000 экз. — ISBN 5-02-016883-1. (обл.)

Сарчашма

вироиш