Балкуворо
Балкуворо (ар. بلکوارا) — яке аз кохҳое, ки ба фармони Мутаваккил, халифаи Аббосӣ, дар нимаи аввали садаи IX (853–859) дар соҳили шарқии Даҷла сохта шудааст.
Номи ин кох дар манобеи таърихӣ ва ҷуғрофиёӣ ба суратҳои мухталиф чун «Булкуворо» (Яъқубӣ), «Базкуворо» (Табарӣ), «Баркусов», «Баркуворо» (Шобуштӣ) «Базкуворо» (Ёқути Ҳамавӣ) ва «Баркувон» омадааст. Маҳалли биноҳои нимавайрони Б., ки ҳоло Алманқур номида мешавад, дар ҳудуди шашкилометрии ш. Сомаррои кунунӣ (Ироқ), дар интиҳои ҷанубии ноҳияи васеи вайронаҳои ҳафриётшудаи Сомарро воқеъ аст. Бинобар манобеи таърихӣ, Мутаваккил барои худ ва ҳар яке аз писаронаш дар канори Даҷла қасрҳо бино кард ва Б.-ро низ барои Муътаз сохт. Дарозии толори Б. 100 м ва бараш 50 м буд ва танҳо бо як қолии абрешимини зарбофт фарш мешуд.
Б. қасри бузурги дорои ҳуҷра ва толорҳову ҳавлиҳои бисёр аст, ки тамоман аз хишт сохта шудааст. Ҳисори чаҳоргӯшае, ки ҳар тарафи он 1250 м аст ва се дарвоза (дар васати деворҳои шимолӣ, ғарбӣ ва шарқӣ) дорад, ин маҳалро иҳота кардааст. Девори ҷанубӣ дарвоза надош-та, 15 м болотар аз сатҳи дарёст ва канораҳояш бурҷ дорад. Дувумин ҳисори кох дар ҳамин самт буда, аз соҳил то нуқтаи буриши ду хиёбони аслӣ имтидод ва 460 х 575 м масоҳат дорад ва бо деворе бурҷдор иҳота шудааст. Берун аз ин ҳисор боғе иборат аз чаҳор бахш будааст, ки дар канори он лангаргоҳ вуҷуд доштааст. Деворҳои боғ бо сутунҳои чаҳоргӯша то наздики соҳил идома дошт.
Бахши дарунии кох як даромадгоҳи бузург (дар васати девори шим. шарқӣ, дар маркази майдони чаҳоргӯша) дорад. Ин майдони чаҳоргӯша ба се бахши баробар тақсим мешавад. Бахши мобайнӣ дорои дарҳои паси ҳам ҷойгирифта, ҳавлиҳои ташрифот ва утоқҳои шоҳнишин аст. Дар ду тарафи бахши мобайнӣ хонаҳои инфиродӣ (шомили 16 утоқ) бисёр зич ба ҳам сохта шудаанд, ки шабеҳи хонаҳои шахсии Сомарроанд. Дар ин қаср 3 ҳавлӣ ва 9 толор, ки ба шакли салиб муназзам шудаанд, вуҷуд доранд ва қаринасозии меҳварӣ дар он риоят шудааст. Дар бахши шимолии қаср ниҳодҳои мухталифе вуҷуд доштаанд, аз ҷумла бозор, ҳавлиҳои бузург барои сарбозони муҳофиз ва ҳамчунин, эҳтимолан, майдони васее барои бозии чавгон.
Ин кох ду масҷид доштааст. Масҷиди аввал (масоҳ. 35 х 15 м) дар ҳавлии шимолӣ ва наздик ба дарвозаҳои сегона қарор дошта, дорои ду қатор сутуни ҳашттоӣ аз чӯби соҷ ва мармар будааст. Масҷиди дувум хурдтар буда (масоҳ. 10, 32 х 7, 76 м), дар қитъаи ҷанубӣ ва нуқтаи муқобили масҷиди аввал қарор доштааст ва аз хишт сохта шуда будааст. Дар хонаҳои шахсии кох нақшу нигори деворҳо хеле гуногун аст. Ҳамчунин дар саросари деворҳои аслӣ се қатор тоқчаи ороишӣ сохта шудааст. Намоҳои рӯйи ҳавлӣ ва боғ дорои ранги сегона буда, қавси мобайнӣ аз ҷиҳати андозаву баландӣ қавси бузургтар ва иқтибос аз вурудиҳои хиёбонҳо ва тоқи нусратҳои юнонист. Дар ин намоҳо кошиҳои заминаашон тилоӣ часпонда шудаанд, ки ба тадриҷ рангашон аз сабзи равшан ба сабзи тира тағйир меёбад. Дарҳои утоқҳоро аз чӯби олӣ сохта, комилан бо наққошию рӯкаши тилоӣ пӯшонда, бо мехҳои мисии рӯкаши тилоӣ тазӣин гардондаанд. Сақфи толорҳои бузург бо чӯб ва сақфи утоқҳои хурдтар ба сабки юнонӣ бо хишти пухта пӯшида шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- یاقوت حموی. معجم البلدان. تهران، ۱۹۶۵؛
- ابن اثیر. الکامل فی تاریخ. بیروت، ۱۳۸۶-۱۳۸۵؛
- جان هوگ. هنر معماری در سرزمینهای اسلامی. در سبک شناسی هنر معماری در سرزمینهای اسلامی/ ترجمۀ پرویز ورجاوند. تهران، ۱۳۶۸، ش
Сарчашма
вироиш- Балкувара // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.