Балли́стика (аз олмонӣ: ballistik — ҳаво медиҳам) — илмест дар бораи ҳаракати тир, гулӯла, мина, бомбаи авиатсионӣ, гулӯлаҳои реактивӣ ва ғайра.

Ньютоновы кривые полета снарядов

Балистика илми ҳарбӣ-техникӣ буда, ба фанҳои физика ва математика асос ёфтааст.

Балистика дохилӣ ва берунӣ мешавад:

  • Балистикаи дохилӣ ҳаракати гулӯларо дар мили тӯп бо таъсири гази борут, инчунин қонуниятҳои дигари равандҳои дар мили тӯп ё камераи ракетаи борутӣ бавуҷудояндаро меомӯзад.
  • Балистикаи берунӣ ҳаракати гулӯлаҳои идоранашаванда (мина, тир ва ғайра)-ро баъди аз мил баромадан ва омилҳои ба ин ҳаракат таъсиркунандаро меомӯзад. Ҳангоми омӯхтани қонунҳои ҳаракати аппаратҳои кайҳонӣ аз усулҳои балистикаи берунӣ истифода мекунанд.

Балистика дар криминалистика низ васеъ истифода мешавад.

Сарчашма

вироиш