Балош (шоҳаншоҳи Сосонӣ)

шоҳаншоҳи Сосонӣ

Балош (порсии миёна: 𐭥𐭥𐭣𐭠𐭧𐭱𐭩, Wardākhsh/Walākhsh; асри V488) — шоҳаншоҳи Сосонӣ (484—488), писари Яздгирди II. Вай пас аз Пирӯз ба шоҳӣ расид. Дар рӯзгори ӯ мӯбадони зартуштӣ аз шоҳ ва дарбор нерӯи бештаре доштанд..

Балош
Vhaləhş/Валахш
Тасвири Балош дар тангаи нуқрагин
Тасвири Балош дар тангаи нуқрагин
483/484 — 488
Пешгузашта Пирӯзи I
Ҷонишин Қубоди I
Таваллуд асри V
Даргузашт 488
Дудмон Хонадони Сосон
Падар Яздгирди II
Модар Diang of Persia[d]
Эътиқод маздаясно
 Парвандаҳо дар Викианбор

Баъд аз марги бародараш Фирӯз (Пирӯзи I) ба тахти подшоҳӣ нишаста, солҳои 484—488 ҳукмронӣ кардааст. Дар ин айём барои тасхири Арманистон ҷанг идома дошт. Балош бо ҳокими Арманистон аҳдномаи сулҳро ба имзо расонд, ки тибқи он масеҳият дини расмии Арманистон эълон гардид ва идораи ин сарзамин ба дасти Балош гузашт. Дар соли 488 Балошро Сосониён аз подшоҳӣ маҳрум карда, кӯр намуданд. Тахту тоҷи подшоҳӣ насиби писари Фирӯз — Қубоди I гардид.

Адабиёт

вироиш