Балоғат (ар. بلاغة‎) — синни қонунан муқарраршудае, ки бо расидан ба он қобилияти пурраи амалкунӣ ба вуҷуд меояд. Қобилияти шаҳрванд барои бо амали хеш ба даст овардани ҳуқуқи гражданӣ ва татбиқ намудани он барои худ муқаррар намудани уҳдадорӣ ва иҷро намуданаш (мукаллафияти гражданӣ) дар ҶТ дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне пас аз расидан ба синни ҳаждаҳ ба ми­ён меояд. Агар тибқи қонун издивоҷ то ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидан иҷозат бошад, шаҳрванди ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида аз вақти издивоҷ карданаш пурра мукаллафияти гражданӣ дорад, яъне аст.

Адабиёт

вироиш