Баҳри Балтика
Балтика (славянҳои қадим Баҳри Варяг меномиданд, лаҳӣ: Morze Bałtyckie, олмонӣ: Ostsee, олм. поин Oostsee, швед. Östersjön, дан. Østersøen, финӣ: Itämeri, эст. Läänemeri, латишӣ: Baltijas jūra, литвонӣ: Baltijos jūra) — баҳри дохилиматерикии (дохилиқоравии) Уқёнуси Атлантик. Байни нимҷазираи Скандинавия ва соҳилҳои қитъавии шимолу ғарби Аврупо ҷойгир аст.
Ҷойгиршавӣ | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷуғрофиё
вироишБалтика ба воситаи гулугоҳҳои Эресунн, Белтаи Калон ва Белтаи Хурд, Каттегату Скагеррак бо Баҳри Шимолӣ, ба воситаи роҳи обии Волгаву Балтика бо дарёи Волга ва ба воситаи наҳри Баҳри Сафеду Балтика бо Баҳри Сафед пайваст мебошад. Дар соҳилҳои Балтика давлатҳои Русия, Эстония, Латвия, Литва, Полша, Олмон, Дания, Шветсия ва Финляндия ҷой гирифтаанд. Масоҳ. 419 ҳазор км2, ҳаҷми об – 21 ҳазор км3, умқи миёнааш 50 м (ҷойи амиқтаринаш – 470 м). Соҳилҳои ҷан. ва ҷан. шарқиаш асосан пасту регзор, болотараш – ҷангалзор. Соҳилҳои шимолиаш шахдор. Халиҷҳои зиёде дорад, ки бузургтарини онҳо Ботник, Фин, Рига, Курша, Гданск мебошанд. Ҷаз-ҳои калонаш: Рюген, Борнхолм, Готланд, Готска-Сандён, Сааремаа, Хийумаа ва гурӯҳи ҷаз-ҳои Аланд. Иқлими Балтика муътадили баҳрист. Ба Балтика қариб 250 дарё, аз ҷумла, Нева, Висла, Неман, Даугава, Одра мерезанд.
Иқлим
вироишҲарор. миёнаи февр. аз –30° С дар қисми марказии Балтика то –8° С, дар Шим. ва Ш. ҳарор. миёнаи июл 15–17° С. Ҳарор. об дар давоми сол аз 0°С то 20°С тағйир меёбад. Шӯрии сатҳи об аз 3‰ (дар халиҷи Ботник ва Фин) то 16‰ (дар резишгоҳи Дания). Ҳарор. қаъри об ба андозаи 1–15°С тағйир ёфта, шӯриаш аз 10 то 18,5‰ дигаргун мешавад. Қисми шимолии халиҷи Ботник дар як сол 210 рӯз, қисми миёнааш 185 рӯз, халиҷи Рига 80–90 рӯз, гул-и назди Дания 16–45 рӯз ях мебанданд. Ғафсии қабати яхи соҳил 1 м буда, яхҳои шинокунанда аз 0,4 то 0,6 м мешаванд. Обшавии яхи Балтика аз ох. марту авв. апр. сар шуда, моҳи июн пурра аз ях озод мегардад. Аҳаммияти хоҷагӣ ва нақлиётии Балтика барои давлатҳои атроф хеле бузург аст. Дар Балтика бештар равғанмоҳӣ, милит, окун, шӯртан, симмоҳӣ, мормоҳӣ шикор мекунанд.
Бандарҳо
вироишБандарҳои бузургтарини Балтика: Стокголм, Лулео (Шветсия), Хелсинки Котка, Турку (Финляндия), Санкт-Петербург ва Калининград (Русия), Таллин (Эстония), Рига (Латвия), Гданск, Шетсин (Полша), Любек, Кил, Росток (Олмон). Дар соҳили Балтика осоишгоҳҳои иқлимии машҳури Юрмала, Лиепая (Латвия), Нерига (Литва), Колобжег, Устка (Полша), ҷаз. Узедом (Олмон) ва ғ. мавҷуданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Балтика // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
вироишБаҳри Балтика дар Викианбор |
- Балтийское море — рельеф дна, климат, гидрология, течения, солёность и другие сведения.
- Балтийское море в книге: А. Д. Добровольский, Балтика С. Залогин. Моря СССР. Изд-во Моск. донишгоҳа, 1982.
- Балтийское море. Единая система информации об обстановке в Мировом океане. Динамическое электронное справочное пособие. ФГУ «Государственный океанографический институт имени Н. Н. Зубова» (1 июни 2007). 11 май 2014 санҷида шуд.
- Балтийское море в Большой советской энциклопедии
- Высота волн Балтики онлайн
- Конвенция по защите природной морской среды района Балтийского моря
- Химическое оружие затоплено во впадинах Балтийского моря
- Балтийское море — море смерти Бойгонӣ шудааст 1 ноябри 2019 сол.