Балучистон

(Тағйири масир аз Балуҷистон)

Балучистон, Балуҷистон (форсӣ: بلوچستان‎, урду: بلوچستان, ҷойноми форсӣ-тоҷикӣ, ки маънои «сарзамини балучҳо» -ро ифода мекунад; англ. Balochistān) — вилояти таърихие, ки дар Осиё, пуштакӯҳҳои ҷанубу шарқии Эрон соҳат дошта, дар ин маҳдуда қабилаҳои балуч (ба иллати набудани ҳарфи «ч» дар алифбои арабӣ баъзан ба шакли «балуҷ») аксариятро ташкил медиҳанд.

Балучистон (гулобӣ)

Масоҳаташ бештар аз 0,5 млн км2, Балучистони Шарқӣ (масоҳ. 348 ҳазор км2) ба ҳайати Покистону Балучистони Ғарбӣ (масоҳ. 155 ҳазор км2) ба ҳайати Эрон дохил мешаванд, ки онҳоро, мутаносибан «Балучистони Покистон» ва «Балучистони Эрон» меноманд.

Таърих

вироиш

Мувофиқи маълумоти маъхазҳои хаттӣ, даврони қадим дар ҳудуди Балучистон ақвоми мака, гедрот ва ғ. зиндагӣ мекарданд. Балучистони асрҳои миёна тадриҷан ба ҳайати Хилофати Араб, давлатҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Ҳулогуиён, Темуриён дохил мегардид. Дар ибт. садаи 17 дар ҳудуди Балучистон чанд хонигарии феодалӣ ба майдон омаданд, ки ҳокимонашон тобеи Сафавиён ва Темуриёни Ҳинд буданд. Баъдан, дар бадали талошу муборизаи якҷои қабоили балучу браҳвай алайҳи Темуриёни Ҳинд, дар садаи 17 хонигарии Калот таъсис ёфт, ки аз диг. хонигариҳои балуч пурқувваттар буд. Сардорони хонигарии Калот дар имтидоди солиёни дароз гоҳ алайҳи калҳурони Синд, гоҳ бар зидди ғилзуёни Афғонистон мубориза бурда, муттасил сарҳадди Балучистонро тағйир медоданд. Ниҳоят, ҳокими баруманди хонигарии Калот Мирносирхони Балуч (1750-95) хонигариҳои дигари балучро таҳти итоати худ дароварда, ҳудуди хонигариро тақр. то сарҳадди ҳозира Балучистони Покистон вусъат бахшид ва худашро тобеи шоҳони Дурронии афғон эълон намуд. Баробари зуҳури ҳолландиён ва баъдтар, англисҳо дар Халиҷи Форс аҳаммияти хонигарии Калот ва тамоми қаламрави балучнишин муттасил афзудан гирифт, зеро Балучистонро мустамликадорони Британияи Кабир майдони мувофиқе барои истилои Ҳиндустону Эрону Афғонистон меҳисобиданд. Соли 1839 аз ҷониби миссияи Британияву сардорони Калот аҳднома ба тасвиб расид, ки балучонро уҳдадор менамуд, то дар бадали таъмини истиқлол ва тамомияти арзияшон амнияти қувваҳои низомӣ ва убури нақлиёти британиҳоро ба сарҳадди Афғонистон кафолат диҳанд. Мувофиқи шартномаи солҳои 1854, 1876 ва 1879, ки бар дӯши ҳокимони Калоту Кобул бор карда буданд, Балучистони Шарқӣ ба Англия тобеъ ва расман ба Балучистони Британия ва Федератсияи музофоти Балучистон (Калот, Хорон, Мукрон, Лос-Бало) тақсим карда шуд. Дар давоми солҳои 1849-57 Балучистони Ғарбӣ ба ҳайати Эрон, авг. 1947, баъди соҳибистиқлол шудани Покистон Балучистони Британия ва марти 1948 Федератсияи музофоти Балучистон ба ҳайати Покистон дохил карда шуданд. Сарҳадди байни Балучистони Шарқиву Ғарбӣ 25 окт. соли 1956, мувофиқи шартномаи Эрону Покистон, мушаххасу муқаррар гардид. Қавму қабилаҳои балучӣ бештар аз 650 номгӯйро ташкил дода, бар иловаи Покистону Эрон, дар қаламрави Афғонистон, Туркманистон, Уммон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (Иморот) зиндагӣ ба сар мебаранд. Шумораи умумии балучҳо (2010) бештар аз 7,5 млн нафар буда, забони адабии балучӣ, ки ба гурӯҳи шарқӣ-ғарбии забонҳои эронии хонадони забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад, муттаҳидашон медорад. Алҳол ба ин забон дар Покистон қариби 6 млн, Эрон 1,5 млн, Афғонистон 500 ҳазор, Уммон 130 ҳазор, Иморот тақр. 100 ҳазор, Ҳиндустон наздики 100 ҳазор, Туркманистон наздики 40 ҳазор нафар гуфтугӯ мекунанд. Забони балучиро, маъмулан, ба ду гурӯҳи лаҳҷаҳо ҷудо мекунанд — шимолӣ ва ғарбӣ. Асоси хатту алифбои балучони Покистону Эрону Афғонистон ва мамолики арабро алифбои арабӣ ташкил дода, нахустин навиштаҷоти арабиасоси балучӣ мутааллиқи садаи 18 мебошанд. Ибт. солҳои 1930 барои балучони Иттиҳоди Шӯравӣ алифбои лотинибунёд офариданд, ки баъди муддате чоп кардани рӯзномаҳои маҳаллӣ ва тарҷумаи маводди идеологӣ, ох. солҳои 1930, корбурдаш қатъ гардид. Дек. 1989 дар рӯзномаи ноҳияи Иёлатон «Тоза дурмуш» («Рӯзгори нав») саҳифае ба забони балучӣ мунташир гардид, ки дар заминаи алифбои кириллӣ сурат гирифта буд. Ниҳоят, соли 1990, донишманди ленинградӣ С. Аксёнов ҳамроҳи намояндагони илму маорифи шӯравии балуч дар заминаи алифбои кириллӣ алифбои нави балучиро таҳия намуд, ки солҳои 1992-93 тавассути он чанд дастури таълимӣ, соли 2005, дар Институти тарҷумаи Библия, матни балучии Инҷили Луқоро мунташир сохтанд.

Ҷуғрофиё

вироиш

Балучистон ё ҳудуде, ки дар соҳаташ қавму қабилаҳои сершумори балуч сукунат доранд, дар самти ҷан. шарқии пуштакӯҳи Эрон, дар байни Кирмон (аз Ғ.) ва дарёи Ҳинд (аз Ш.), дар каронаҳои соҳили Шаттулараб воқеъ гардидааст. Қисмати бештари ҳудуди номбурдаро биёбони ҳамворе, ки миқдори ками дарё дораду иқлимаш барои зиндагӣ номутобиқ аст ва аз ҳар ҷониб пуштакӯҳҳои бедолу- дарахт бурида мегузарандаш, фаро гирифтааст. Балучистони Эрон, (масоҳ. 155 ҳазор км²) ба чаҳор ноҳияи сиёсӣ-ҷуғрофӣ тақсим мешавад: Сарҳад, Саровон, Бампур (Эроншаҳр) ва Мукрон. Аз ҳудуди Сарҳад, ки қисмати шим. Балучистони Эронро фаро мегирад, силсилаи кӯҳҳои оташфишон тӯл мекашанд, ки ҳамвориҳои сангу регзор онҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд. Дар миёни пуштакӯҳҳои қисмати марказии ноҳия кӯҳҳои Тафтон, ки баландии баъзе қ-ҳояшон аз сатҳи баҳр 4150 м -ро ташкил медиҳад, қомат афрохтаанд. Дар қисмати шарқи Сарҳад, қад-қадди сарҳадди Эрону Покистон, силсилакӯҳҳои Бексар, Морпеч, Желакув ва ғ. тӯл мекашанд, ки қ-ҳояшон аз сатҳи баҳр аз 1464 то 2976 м баландӣ доранд. Дар қисмати ғарбии ноҳия кӯҳҳои Пири Шарвон (Сиёҳбанд) қомат афрохтаанд, ки Сарҳадро аз Дашти Лут ҷудо мекунанд. Сарҳад ноҳияи чорводории кӯчиён (балучону курдон) аст. Саровон ҷанубу шарқтари Сарҳад, дар қад-қади сарҳадди Эрону Покистон, воқеъ гардидааст. Аз ҳудуди ноҳия кӯҳҳои Бампушт, ки Саровонро аз Мукрон ҷудо мекунанд ва кӯҳҳои Булак, ки қ-ҳояшон аз сатҳи баҳр 2742 м баланд буда, сарҳадди Саровону Бампур аз канорашон мегузарад, тӯл кашидаанд. Аз нишебҳои шим. кӯҳҳои Бампушт яке аз д-ҳои калони камшумори Балучистон — Машкил (Машкид), ки тобистон хушку беоб намешавад ва воҳаҳои кишоварзии Балучистони Эрону Покистонро обёрӣ мекунад, ибтидо мегирад. Ноҳияи Бампур ҳавзаи васеъеро фаро мегирад, ки аз чаҳор тарафаш кӯҳҳо иҳота кардаанд. Дар Шим. қ-кӯҳи Каскаву кӯҳҳои Бозмон, дар Шим. Ғ. шохаи қ-кӯҳи Шоҳи Саворон, дар Ш. силсилакӯҳҳои Бераку Дарзана, дар Ҷ. кӯҳсори Банди Нилоғу Зардкӯҳ ҳавзаро ба ду қисмат (Шим. ва Ғ.) ҷудо мекунанд. Аз он дувумин д-и дарозтарини Балучистони Эрон — Бампур ҷорӣ мешавад, ки бисёре аз воҳаҳои киштзори ноҳияро шодоб медорад. Дар маркази ноҳия водии пурсарвати кишоварзии Хош доман густардааст, ки заминҳои ҳосилхезашро чашмаҳои аз кӯҳи Тафтон фурӯрезанда ва корезҳои сершумор обёрӣ мекунанд. Аҳолии таҳҷоии ноҳияро балучон ва тоҷикон («деҳвор»-он) ташкил медиҳанд, ки аз қадимулайём ба кишоварзӣ (деҳқонӣ) машғуланд. Ноҳияи доманадори Мукрон дар ҷан. Балучистони Эрон қарор дорад, ки масоҳ. 100 ҳазор км² аст. Заминҳои пурсамари Мукрон аз д-ҳои Рабиҷ (Фануҷ)-у Сарбоз (Дашти ёрӣ) ва корезҳои сершумор об мехӯранд. Дар бахши марказию шимолии Мукрон чарогоҳҳои сероб афзунанд, ки чорводорони маҳаллиро бо маҳсулоти чорво (гӯшту ширу пашму пӯст) таъмин медоранд. Дар ҳудуди ноҳия воҳаҳои калонтарини кишоварзии Балучистони Эрон — Сарбоз, Гоҳ, Қасрканд, Магас, Боҳукалот ва Дашти ёрӣ воқеанд, ки дар баробари ғалладона деҳқонон пахта (зироати сесола), танбоку ва ғ мерӯёнанд. Дар ҳудуди ноҳия қариб нисфи шумораи умумии аҳолии Балучистони Эрон зиндагӣ карда, наздики 80 дарсади сокинони ноҳия дар қисматҳои марказу шимоли он будубош доранд. Дар бахши ҷануби Мукрон, аз самти ғарб ба шарқ, силсилаи азими кӯҳҳои Эрони Ҷанубӣ тӯл мекашанд, ки аз теғаҳои пайиҳам сафкашида таркиб ёфта, дар ҳудуди Балучистони Покистон бо қ-кӯҳҳои Соҳилии Мукрон мепайванданд.

Қадимӣ будани балуч (балуҷ, балус)-ҳо ва баромади таърихӣ-этникиашон исбот шудааст. Мутобиқи навиштаҳо, балучҳо аслан аз навоҳии шим. Эрон (каронаҳои ҷан. Баҳри Хазар) мебошанд, аммо таърихи дақиқи пайдоиш ва оғози муҳоҷираташон аз шим. ба ҷан. Эрон (навоҳии Форсу Кирмон) маълум нашудааст. Олими англис А. В. Ҳюз ибтидои ҳиҷрати мавриди назарро ба охирҳои садаи 6 ва авв садаи 7 м нисбат додааст. М. Л. Ҷемс, ба саволи кай оғоз ёфтани даврони муҳоҷирати балучҳо ҷавоби равшане надода, чунин мешуморад, ки сабабгори асосии аз шим. ба ҷан. Эрон кӯчидани балучҳо ҳуҷуми ҳайтолиён (садаҳои 5-6) ба навоҳии шим. Эрон мебошад. Балучҳо то замони Эрони Ҷанубиро истило кардани арабҳо (Кирмонро с. 643 забт намуда буданд) дар қисматҳои ҷан. ғарби Кирмон сукунат дошта, дар ҳаёти сиёсии музофоти номбурда мақоми назаррасеро соҳиб буданд. Балучҳо аз ҳамон замонҳо ба забони балучӣ, ки аз забони форсии даргарди Кирмон хеле фарқ дошт, гуфтугӯ мекарданд (Ибни Ҳавқал). Дар баробари забони худашон, ба забони форсӣ ҳам озодона сухан меронданд (Муқаддасӣ).

Дар Афғонистон наздики 0,5 млн балучон зиндагӣ мекунанд, ки намояндаи қавму қабилаҳои нарвӣ, рахшонӣ, сорунӣ, санҷаронӣ ва гургич буда, монанди балучҳои дигари ҳамтабору ҳамҷаворашон аслу насаби эронӣ доранд ва дар садаҳои 14-15 муқими навоҳии Нимрӯзу Ҳилманди Афғонистон шудаанд. Балуҷон дар Қандаҳор охири садаи 17-авв садаи 18 пайдо шуда, асосан машғули кишоварзӣ мебошанд. Балучони навоҳии ҷан. Афғонистон миёнаҳои садаи 18 сукунат ихтиёр кардаанд. Мас., дар Чоҳонсур, ки муқимӣ гаштаву ба кишоварзӣ машғуланд, балучҳо дар солҳои 40 садаи 20 аз худ дарак додаанд. Оҳиста-оҳиста гурӯҳҳои алоҳида, маъмулан, камшумори қабоили балуч озими шим. Афғонистон шуда, дар шаҳру навоҳии Ҳироту Мазори Шарифу Қатаған, ҳатто Бадахшони дурдаст сукунат варзидаанд ва то имрӯз дар миёни тоҷикону ҳазораҷоту нуристонӣ ва диг. халқу қавмҳои муқими Афғонистон машғули кору рӯзгори суннатиянд.

Балучистони Шарқӣ (Покистон; масоҳ. 348 ҳазор км 2) аз 12 ноҳияи сиёсӣ-ҷуғрофӣ таркиб ёфтааст: Заҳоб, Кветтаи Пешин, Себӣ, Лоралай, Кач-Гандова, Чағай, Ҳорон, Саровон, Калот, Ҷаловон, Мукрон, Лос-Бало Шароити табиии Балучистон и Шарқӣ (Покистон). аз вилоёти ҳамҷавораш ба куллӣ фарқ мекунад ва аз ин ҷиҳат бештар қисмати ҷан. шарқии пуштакӯҳҳои Эронро хотирнишон месозад. Заҳоб дар интиҳои бахши шим. Шарқии Балучистон и Шарқӣ (Покистон) ҷой гирифтааст. Кветтаи Пешин, Себӣ, Лоралай ва Кач-Гандова дар самти шарқӣ-шимолӣ ва шарқи вилоят қарор доранд. Чағай қисмати шим. ғарбии Балучистони Покистонро ташкил дода, Ҳорон дар самти ғарбӣ-шафати сарҳадди давлатии Покистону Эрон доман густардааст. Калоту Саровону Ҷаловон дар маркази вилоят, аз самти шим. ба ҷан., аз Кветта то сарҳадди хонигарии Лос-Бало, мақом доранд. Мукрон саросари бахши ғарбӣ, хонигарии Лос-Бало қитъаи тангеро қад-қади соҳили Мукрони Баҳри Араб дар бар мегирад. Қисматҳои шим. шарқӣ ва марказии Балучистони Покистон бештар кӯҳсоранд. Аз ин ҷо силсилаи хурди кӯҳҳои Сулаймон тӯл кашида, мувозӣ бар онҳо, қад-қади сарҳадди Покистону Афғонистон, дар имтидоди қариб 500 км силсилакӯҳи азими Тобаи Какар қомат афрохтааст. Силсилакӯҳи Хоҷа-Умрон (қ-и балантаринаш аз сатҳи баҳр-2704 м) идомабахши Тобаи Какар мебошад. Ҷанубу ғарбтар аз Хоҷа-Умрон кӯҳҳои Сирла (Сирлот) ҷой гирифтаанд, ки водии дарёи Шарорӯдро аз водии Шаровак ҷудо мекунанд. Қад-қади сарҳадди Покистону Афғонистон, аз Ш. ба Ғ., силсилаи начандон баланди Кӯҳи Султон (Чағай) тӯл мекашад, ки дар пайвандгоҳи сарҳадди се давлат-Покистону Эрону Афғонистон — қ-и Кӯҳи Малики Сиёҳ (1648 м аз сатҳи баҳр) хоима мебахшад. Аз Кветта ба самти ҷануб силсилакӯҳи Брагуйи Марказӣ тӯл мекашад. Силсилакӯҳҳои начандон калони дигар қисмати марказии вилоятро фаро гирифта, пуштакӯҳи Брагуйро шерозабандӣ мекунад. Дарозии умумии силсилаи мазкур 355 км, бараш то 112 км, баландии миёнааш то 2000 м аст. Нишебҳои ҷанубии силсилакӯҳи Брагуйи Марказӣ бо шохаҳои қ-кӯҳи Қиртор, ки ҳудуди Балучистони Покистонро аз Синд ҷудо мекунанд, мепайванданд. Дар самти ғарбӣ мувозӣ бо Қиртор, қ-кӯҳҳои хурди Худӣ, Чакар, Бадур ва Ҳамлинг (баландии қ-ҳояшон аз сатҳи баҳр 1231—1524 м) тӯл кашидаанд. Ғарбтар аз пуштакӯҳи Брагуй кӯҳҳои Рускӯҳ (тӯлашон 245 км, баландии қ.- ҳояшон аз сатҳи баҳр то 2650 м.) биёбони Ҳоронро аз ҳамвории сангу регзори Чағай ҷудо мекунанд. Дар чарогоҳи водиҳои Рускӯҳ балуҷони кӯчӣ чорво мечаронанд. Қисмати ҷанубии вилоят-Мукрон (ё Кач-Мукрон, ки ба хотири фарқ карданаш аз Мукрони Балучистони Эрон чунин меноманд)-ро се қ-кӯҳи ҳамноми аз ғарб ба шарқ ва шим. шарқ тӯлкашида ишғол мекунанд. Қад-қади соҳили Баҳри Араб, қ-кӯҳҳои Мукрони Соҳилӣ ба масофаи 450 км тӯл кашидаанд, ки давоми кӯҳҳои Ҷануби Эрон мебошанд. Андаке шимолтар аз ин силсила ва мувозӣ бар он силсилакӯҳи Мукрони Марказӣ (тӯлаш 400 км), убур мекунад. Шохаҳои шимолии силсилакӯҳҳои Мукрони Марказӣ бо силсилаи севуми Мукрон — Кӯҳи Сиёҳон, ки Мукронро аз биёбони Ҳорон ҷудо мекунад, пайваст мешаванд. Қисмати аксари ҳудуди Балучистони Ғарбиву Шарқиро силсилакӯҳҳо ва шохаҳояшон фаро гирифтаанд. Истисно қисмати ғарбии Балучистони Покистон аст, ки соҳати калонеро ҳамвории регу сангистони Чағай фаро гирифта, ба регистони Ҳорон мерасад, ки дар навбати худ ба суфакӯҳи биёбони Балуч мепайвандад.

Балучистон мавзеи камдарёст. Аз Кирмон (дар Ғ.) то Ҳинд (дар Ш.) дарёе нест, ки обаш аз ҷараёнгоҳи муқаррарии селобаи кӯҳӣ васеътар бошад. Кӯлҳои Балучистон монанди аксари дарёҳояш намакпӯш шуда, ба зудӣ мехушканд ё ба ботлоқу қамишзор табдил меёбанд. Иқлими Балучистон гуногунранг: тобистони қисмати бештари ҳудудаш хушку гарм, зимистонаш салқин, танҳо навоҳии баландкӯҳаш хунук аст. Дар навоҳии кӯҳии Сарҳаду Саровон, монанди Заҳоб, ивазшавии муқаррарии фаслҳои сол ба назар расида, дар қисмати марказӣ, махсусан, ҷанубии Балучистон, ду давраи сахт аз ҳамдигар фарққунандаи ҳарор. мушоҳида мешаванд: аз ноябр то март салқин, аз апр. то окт.- гарм. Дар ноҳияи Кветта иқлим муътадил буда, тобистонаш осон пушти сар мешавад; ҳарор. миёнаи гармтарин моҳ июл +25,7-ро ташкил медиҳад. Зимистонаш нарм аст, ҳарчанд гоҳе, моҳҳои янв.-февр., ҳарор. аз сифр поён мефурояд. Иқлими ҳамвории Чағаю биёбони Ҳорон хушку гарм аст. Ба ҳарор. баланди тобистон (дар моҳи июл то +40 мерасад) нигоҳ накарда, шабҳо салқинанд. Зимистонашон, одатан, хунук аст. Бӯрони рег тамоми сол гардон аст. Дар қисмати марказии Балучистон и Эрон — Б ампуру Сарбоз — тобистон ҳарор. ҳаво то 470 С мерасад. Иқлими Мукрон монанди Ҳорон тобистонаш хушку гарм, зимистонаш (дар Шим.) хунук аст. Дар ҳудуди Мукрон тамоми сол бодҳои шим. ғарбӣ, зимистон хунуку тобистон тафсон, дар вазишанд. Умуман, хушксолӣ ҳодисаи муқаррариест барои бисёр навоҳии Балучистон ҳарор. бештар баланд хосси мавозеъҳои ҳамвори шим. шарқии Балучистони Ш. мебошад. Себӣ ва Кач-Гандова навоҳии гармтарини нимҷаз. Ҳиндустон ба ҳисоб мераванд. Ҳарор. дар моҳҳои тобистон (июн-июл) дар ин ҷой то 48 0 С мерасад. Мавзеъҳои соҳили Баҳри Араб бо иқлими махсусан вазнинашон фарқ мекунанд. Дар ин ҷойҳо ҳарор. баланди тобистон (то+45 0С) бо намнокии гарони ҳаво (то 80 %) ихтилот меёбад. Бориш дар Балучистон ниҳояти кам аст: соле, ба ҳисоби миёна, 16 рӯзи боронӣ ба мушоҳида мерасад, ки нисбат ба навоҳии дигари нимҷаз. Ҳиндустон, ба истиснои Синд, хеле кам аст. Миқдори бориш дар давраи боронӣ — моҳҳои декабр-февр. ба ҳисоби миёна то 12,2 мм мерасад.

Наботот

вироиш

Ҳудуди Балучистон бо камии набототаш фарқ мекунад. Махсусан, табиати қитъаи Мукрон хеле камнаботот аст. Дар пуштаҳои баландкӯҳ ва нишебии кӯҳҳои қисмати шимолии Балучистон ягон-ягон пистазору арчазор мушоҳида мешаванд. Поинтар, дар домани кӯҳҳо, гулбеду бодому туту чормағз андаке зиёдтар ба назар мерасанд. Дар ҳамвориҳои хоксангӣ газбутта, дар регхокаҳо саксавул мерӯяд. Дар қисмати ҷанубии Балучистон зайтуну хурмозорҳо, дарахти русо, мангуст, дар ноҳияи Кветта боғоти мева дучор меоянд. Олами ҳайвоноти Балучистон ҳам ғанӣ нест. Дар навоҳии кӯҳистон гӯсфанди ваҳшиву бузи кӯҳӣ, дар водию доманкӯҳҳо харгӯшу рӯбоҳ, дар ҳамвориҳо ҷейран ба чашм мерасанд. Шағолу гургу кафторҳо мушоҳида мешаванд. Дар биёбонҳо сагони ёбоӣ, ки балучҳо «бошума» меномандашон, оворагардӣ мекунанд. Дар қамишзорони д-ҳои Машкилу Рахшону Бампур гуроз дучор меояд. Дар мавзеъҳои гуногуни хокию обии Балучистон кабку мурғобию ғозу қу ва анвои мухталифи парандагони кӯчӣ будубош доранд. Аз хазандаҳо мору карапсаро дар ҳама гӯшаву канор метавон дучор омад. Сукунатгоҳи кишоварзони муқимӣ ва бошишгоҳи зимистонаи чорводорони кӯчии балуч, асосан, дар соҳили дарёҳо ва воҳаҳои камшуморе, ки дар шафати манбаи оби доимӣ қарор доранд, бунёд гардидаанд.

Ҷуғрофиёдони австриягӣ О. Спейт шароити табиӣ-иқлимии Балучистони Покистонро, ки аз ин ҷиҳат фарқе камтар аз Балучистони Эрон дорад, чунин муаррифӣ намудааст: «Гармои тафсону сармои беамон, бодҳои муқтадир, обхезиҳои аҳёнии пурталотум, гарду ғубори фарогири тобистонӣ, замини сангу регу шағалпӯш, бориши ночизу номуътамад, заминҷунбӣ — чунинанд шароити сахту шадиди танҳо бо муҳассаноти зудгузари баҳор андаке рӯйпӯшшавандаи қаламраве, ки ҳамагӣ чанд ҷазирачаи сабзгуни ҳосилхез дорад». Ниҳоят, вилояти қадимии таърихие, ки сарзамини қавму қабилаҳои сершумору сернуфуси балуч аст, имрӯзҳо дар ҳайати ду давлати мустақил қарор дошта, соҳибонашон онҳоро ба тарзу василаҳои хоссу мутафарриқа зимомдорӣ мекунанд ва, бо вуҷуди ҳамаи ин тафриқоту мушкилиҳо мардуми диловари балуч дар тӯли таърихи мутамодӣ дар халқу қавму қабилаҳои тасхирнамудаашон маҳлулу маъдум нагардида, баръакс, онҳоро дар худ махлут сохта, забону урфу одат ва суннату фарҳанги миллии худро барқарору устувор дошта, дар давоми даҳсолаҳои охир барои миллатшавию соҳибистиқлолии сиёсӣ-давлатӣ (истиқрори «Балуҷистони Кабир») муборизаи мақсадноки ҳамагонӣ мебаранд. Азбаски балучон то нимаҳои дувуми садаи 20 соҳиби хатту алифбо набуданд, андешаву ороашонро, дар қолаби шеъру достону ривоятҳои халқӣ баён доштаанд, ки аз насле ба насле то замони мо расида, корномаҳои нотакрори халқи шуҷоашонро ситоиш мекунанд ва дар тарбияи эҳсоси фарзандони худу дигарон ҳиссагузор мешаванд.

Адабиёт

вироиш
  • Бартольд В. В. Историко-географический обзор Ирана. СПБ, 1903;
  • Бартольд В. В. Иран. Исторический обзор. М. 1926;
  • Карпов Г. И. Белуджи.// Маҷ. «Туркменоведение». Ашхабад, 1928, № 12; И.
  • Ҳамон. Аграрный вопрос и крестьянское движение на северо-западе Индии. М., 1933;
  • Карл Маркс. Хронологические выписки по истории Индии. М., 1947;
  • Рейснер И. М. Развитие феодализма и образование государства ӯ афганцев. М., 1954;
  • Крачковский И. Ю. Избранные сочинения. Т. 4, М., 1957;
  • Пикулин М. Г. Белуджи. М., 1959;
  • Народы Средней Азии и Казахстана. Т. 2. М., 1963;
  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1978;
  • Большая советская энциклопедия. 3-е изд. Т. 1, М., 1981.