Балх (деҳа, н. Лахш)
(Тағйири масир аз Балх (деҳа))
Балх — деҳа дар ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш. Аз Балх то маркази ҷамоат 11 км, то маркази ноҳия 16 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 607 нафар (2017), тоҷикон, қирғизҳо.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Лахш |
Ҷамоат | Деҳоти Нурафшон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 607 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон, қирғизҳо |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3132 |
Нишонаи почта | 737450 |
Иқтисод
вироишБунгоҳи тиббӣ, нуқтаи хидматрасонии маишӣ ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Кӯксу обёрӣ мешаванд
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- Балх // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.