Абуалӣ Балъамӣ

(Тағйири масир аз Балъами)

Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ (форсӣ: ابو علی محمد بن محمد بن عبدالله البلعمی‎; ? – 974, Бухоро) — вазир, муаррих ва адиби форс-тоҷик, намояндаи хонадони Балъамиён, ки дар давлати Сомониён мансаби вазириро доштанд. Писари Абулфазли Балъамӣ.

Абуалӣ Балъамӣ
Таърихи таваллуд асри X[1]
Таърихи даргузашт на пештар аз 27 феврал 974 и на дертар аз 27 март 974
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Мувофиқи маълумоти «Зайну-л-ахбор»-и Гардезӣ, «Аҳсан-ут-тақосим»-и Муқаддасӣ, «Табақоти Носирӣ»-и Минҳоҷи Сироҷ, «Таърихи гузида»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ, «Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир ва диг., нахустин давраи вазорати Абуалӣ Балъамӣ ба замони сари қудрат омадани подшоҳ Абдулмалик ибни Нӯҳи Сомонӣ (ҳукмр. 954–961) рост меояд. Барои ба тахт омадани Абусолеҳ Мансур ибни Нӯҳ (бародари Абдулмалик ибни Нӯҳ) саҳми Абуалӣ Балъамӣ бузург буд. Мувофиқи маълумоти Гардезӣ, Абуалӣ Балъамӣ бо сипаҳсолор Алптегин муоҳидае доштааст, ки дар умури давлат онҳо бояд ба ҳамдигар созиш дошта бошанд, якдигарро дастгирӣ бикунанд. Вале дар таъйини шоҳ Абуалӣ Балъамӣ ва дарбориён андешаи Алптегинро, ки мехост писари Абдулмалик шоҳ бишавад, ба эътибор нагирифтанд ва, ҳатто, ӯро аз мансаби сипаҳсолорӣ ва ҳокимӣ бар шаҳри Нишопур маҳрум гардонда, ба ҷояш Абумансури Абдурраззоқро таъйин карданд. Дар давраи Абусолеҳ Мансур ибни Нӯҳ Абуалӣ Балъамӣ ҳамроҳи вазири дигари Сомониён – Утбӣ дар сари мансаб буд. Дар баъзе манбаъҳо аз вазорати Абуалӣ Балъамӣ дар замони Нӯҳ ибни Мансур (ҳукмр. 976–997) ҳам иттилоъ додаанд, ки чандон муътамад нестанд, зеро «Зайну-л-ахбор» соли ваф. Абуалӣ Балъамиро 974 медонад. Абуалӣ Балъамӣ вазири кордону ботадбире буда, дар замони вазораташ, бо вуҷуди баъзе нооромиҳо дар кишвар, кӯшидааст, ки давлату ҳокимияти Сомониён пойдор бошад. Абуалӣ Балъамӣ марди фозилу донишманд буда, адибону донишмандонро дастгирӣ мекард, барои рушди илму фарҳанги миллат саъю кӯшиш менамуд. Соли 963 тарҷумаи «Таърихи Табарӣ»-ро ба забони форсии дарӣ ба анҷом расонд, ки баъдан бо номҳои «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ», «Таърихи Балъамӣ» низ машҳур гардид. Солҳои 90 садаи 20 дар Эрон муҳаққиқоне пайдо шуданд, ки «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ»-ро тавассути Абуалӣ Балъамӣ зери шубҳа гузоштанд. Асари дигари Табарӣ «Ҷомеъу-л-баён ан таъвил-ил-Қуръон», ки ба номи «Тафсири Табарӣ» машҳур аст, ба забони форсӣ гардонда шуд, ки дар ин кор ҳам Абуалӣ Балъамӣ саҳми бузург доштааст. Абуалӣ Балъамӣ китобе дар бораи давлатдорӣ бо номи «Тавқеот» навиш-та будааст, ки то имрӯз дастрас нагардидааст. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» ин асарро дастури муфиде барои дабирон муаррифӣ кардааст. Яке аз хидматҳои шоистаи Абуалӣ Балъамӣ ташвиқи Дақиқӣ ба навиштани «Гуштоспнома» мебошад.

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт

вироиш
  • Амиршоҳӣ Н. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX–XIV. Д., 1999;
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Д., 2007;
  • Донишномаи Сомониён. Ҷ. 1. Х., 2008;
  • Бартольд В. В. Туркестан в эпоху монголского нашествия. Сочинения. Т. 1. М., 1963.

Сарчашма

вироиш
  • Балъамӣ, Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммад / М. Диловаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.