Бам
Бам (форсӣ: بم) — яке аз шаҳрҳои бостонии Эрон, ва маркази Шаҳристони Бами устони Кирмон бо паҳнои ҳудуди 50 км мураббаъ, воқеъ дар сари роҳи Кирмон – Зоҳидон.
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | Эрон |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Баландии марказ | 1 061 м[1] |
Минтақаи замонӣ | IRDT[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | 0344 |
bamcity.ir/index_en.aspx | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аз Бам то Кирмон 193 км, то Зоҳидон 324 км масофа аст. Шаҳр дар баландии 1050 м аз стаҳи баҳр ҷойгир шудааст. Забони сокинони Бам ва рустоҳои атрофи он забони форсӣ буда, мазҳабашон шиаи дувоздаҳимомист. Бам пеш аз ислом яке аз панҷ иёлати Форс буда, аз сабаби дар сари роҳҳое, ки Эронро бо Сиистону Хуросон пайванду қарор доштанаш аз даврони Сосониён ва баъди сукути он, ба аҳамияти низомӣ ва бозаргонӣ бархурдор будааст. Дар давраи Сосониён дар ин минтақа тиҷорат вусъат ёфта, аҳамияти сиёсӣ ва иқтисодии он зуд мавриди таваҷҷуҳи сулолаҳои мухталифи ҳоким дар Эрон қарор мегирад. Пас аз Сосониён низ ин минтақаи бисёр обод буда, бо мурури замон ҳудуди шаҳр васеъ мегардад ва Бам шомили ноҳияи бузурге ба даври қалъа мешавад. Бамро чун ёдгори муҳимми таърихӣ, бештар Арки он шуҳратёр кардааст. Арк воқеъ дар шаҳри қадим ва шаклаш ростгӯша буда, гирдогирдашро хандақ иҳота намудааст. Бинои Арку истеҳкоми он дар замони Сосониён сохта шудааст. Ин диж шомили чандин диже дар дохили ҳамдигар аст. Дижи аслӣ қароргоҳи ҳукумату тӯпхонаи сарбозону муҳофизони шаҳр буда, дар иртифои марказии шаҳр қарор дорад.
Шаҳри Бам, ки дар маҳалли бисёр муҳимме қарор гирифтааст, ҳар вақт дастхуши ҳодисаҳои замон будааст. Дар Бам навъҳои гуногуни матоъу либос истеҳсол мегардид ва макони меваи хурмо буд. Соли 1131 ҳ. қ. (1718–1719) Маҳмуди Афғон ба Баму Кирмон ҳамла кард, вале Лутфалихони Сардор, ки бародарзодаи Фатҳалихони Вазири Аъзам буд, ӯро шикаст дод ва Маҳмуди Афғон бо роҳи Қандаҳор ақибнишинӣ кард. Афғонҳо бори дигар ба Баму Кирмон рӯй оварданд ва ин даъфа шаҳрро тасхир намуда, ҳудуди 12 сол дар он ҳукумат ронданд. Соли 1143 ҳ. қ. (1730–1731) Нодиршоҳи Афшор афғонҳоро аз ин ноҳия берун андохт.
Бам дар замони Оғомуҳаммадхони Қоҷор садамаи бисёре дидааст. Соли 1210 ҳ. қ. (1795–1796) Оғомуҳаммадхони Коҷор нахуст Кирмону баъдан Бамро тасхир кард. Мудофеони шаҳр, ки дар раъсаш шоҳзодаи ҷавони Занд истода буд, дар муқобили лашкари Оғомуҳаммадхони Коҷор истодагӣ карданд, вале чун нерӯҳо нобаробар буданд, муҳофизон шаҳрро дифоъ карда натавонистанд. Пас аз фатҳи шаҳр, ба дастури Оғомуҳаммадхони Қоҷор, теъдоди зиёде аз муҳофизони онро ба қатл расониданд.
Бам дар асари заминларзаи 26 декабри молт 2003 хеле хароб шуда, бештар аз 30 ҳазор шаҳрванди шаҳри бостонӣ ба ҳалокат расиданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ GeoNames (ингл.) — 2005.
- ↑ جمعیت به تفکیک تقسیمات کشوری (форс.)
Адабиёт
вироиш- حمدالله مصتوفی. نزهة القلوب. تهران، ۱۳۴۷ هـ. ق؛
- مرتضی راوندی. تاریخ اجتمایئ ایران. ج.۷، تهران، ۱۳۶۸ هـ. ق؛
- ایرج افشار. پژوهش در نام شهرهای ایران. تهران، ۱۳۷۸؛
- محمد مهدئ مهلاتی. جغرافیای شهر بم. تهران، ۱۳۷۱ هـ. ق.
Сарчашма
вироиш- Бам / Ҳ. Камол // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Шаҳрҳои устони Кирмон |
---|
Анор | Анбаробод | Бам | Бардсер | Бофт | Заранд | Каҳнӯҷ | Кирмон | Кӯҳбинон | Қалъаи Ганҷ | Манӯҷон | Нармошир | Орзуиё | Робар | Ровар | Рафсанҷон | Муҳаммадобод | Рудбар | Серҷон | Фарёб | Фаҳраҷ | Ҷеруфт | Шаҳрибобак |