Бандар
Бандàр (форсӣ: بندر — аслаш бундар, яъне ҷойе, ки бору буна дар он ниҳанд) — маконе, ки тоҷирон ва қофила дар он бисёр оянду раванд. Канори дарёву баҳр, ҳавзҳои бузурги киштигард, ки ҷойи бастани киштӣ ва таъмири он буда ҳамчунин ҳар шаҳре, ки бар соҳили он воқеъ бошад.
Бандарҳо ду навъанд: баҳрӣ ва дарёӣ. бандаргоҳҳо аз замони қадим вуҷуд доштанд. Нахуст фақат барои эмин доштани киштӣ аз туғёни мавҷи баҳру дарёҳо дар димоғаҳо ва резишгоҳҳои дарёҳо ба вуҷуд омада, баъдан бар асари тараққии тиҷорат ва баҳрнавардӣ сохтмони бандаргоҳҳо хеле авҷ гирифтанд. Ҳанӯз соли 3400 пеш аз милод бандари баҳрии шаҳри Месар дар ҷазираи Крит ва ду бандари бузурги шаҳрҳои Сидон ва Тир дар соҳилҳои Баҳри Миёназамин маълум будаанд. Карфаген ҳам бандари калоне доштааст. Минбаъд дар аксари кишварҳои наздисоҳилӣ бандарҳо арзи ҳастӣ кардаанд.
Бандаргоҳҳои муосири баҳрӣ аслан ду навъанд: мардумӣ-шаҳрвандӣ (тиҷоратӣ, моҳигирӣ ва ғайра) ва ҳарбӣ-низомӣ.
Бандарҳои тиҷоратӣ макони бору амволи содиротию воридотӣ мебошанд ва чунин бандарҳо дар навбати худ боз ба бандарҳои бору амволи умумӣ ва махсусгардондашуда (аз қабили бандарҳои чӯбкашонӣ, ангишт, нафт, мусофирбар ва амсоли инҳо) тақсим мегарданд. бандарҳои ҳарбӣ-низомӣ аслан барои пойгоҳҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи ҳарбӣ-баҳрӣ таъйин шудаанд.
Мувофиқи вазифа ва аҳаммияти худ бандарҳо ҷаҳонӣ (марказҳои тиҷорати ҷаҳонӣ, ки тариқи уқёнус бо қораҳо доду гирифти молиро анҷом медиҳанд), байналмилалӣ (доду ситади борро бо мамолики ҷудогона анҷом медиҳанд) ва маҳаллӣ (дохиликишварӣ) мешаванд.
Бандарҳои дарёӣ низ мисли бандарҳои баҳрӣ барои равнақу ривоҷи тиҷорат ва соир иртиботот бо дохилу хориҷи кишвар аҳаммияти бузург доранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Большая советская энциклопедия. Т. 20. М., 1978;
- لغت نامه دهخدا. تهران، 1360؛
- دکتر محمد معن. فرهنگ فارسی. جلد 1، تهران، 1370.
Сарчашма
вироиш- Бандар // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.