Иртибот байни сахтафзорҳои гуногуни дохилкунӣ ва хориҷкунии иттилоот бо блоки системавии компютер тавассути слотҳои (портҳои) махсус, ки онҳоро бандар мегӯянд амалӣ мегардад. Барои баъзе сахтафзорҳои аз берун бо компютер пайвастшаванда ҷойҳои махсус ҷудо карда шудааст, ки онҳоро низ бандар мегӯянд. Ин мавзеъҳо одатан дар паси (пушти) блоки системавии компютери фардӣ ҷойгир шудаанд. Дискдонҳои дискҳои чандирии магнитӣ, винчестер ва дискҳои нурӣ (лазерй) бошанд асосан дар дохили блоки системавӣ насб карда мешаванд. Бандарҳои насби сахтафзорҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: сими - параллелӣ ва пайдарпай, USB (юэсби), Fire Wire (файр-вайр) ва бесим - инфрасурх, Bluetooth (блутуз).

Бандарҳои параллелӣ. Ин намуди бандарҳо дар иртиботи сахтафзорҳое истифода мешаванд, ки онҳо барои иттилооти хаҷми калондоштаро ба масофаи наздик расонидан хидмат мерасонанд. Ба воситаи бандарҳои параллелӣ дар як вақт бо ёрии 8 тор сим якбора 8 бит додаҳо гузаронида мешаванд. Ба бандарҳои параллелӣ чопгар (принтер) ва сканер насб карда мешаванд. Миқдори бандарҳои параллелӣ дар компютер аз як то сето шуда метавонад, ки онҳо мувофиқан LPT1, LPT2, LPT3 (Line PrinTer - хати чопгар) номгузорӣ карда мешаванд.

Бандарҳои пайдарпай барои ба блоки системавӣ насб кардани муш, модем ва дигар сахтафзорҳо хидмат мерасонанд. Ба воситаи торҳои ин бандар додаҳо дар шакли пайдарпай 1 битӣ гузаронида мешаванд. Пайдарпай расонидани додаҳо барои масофаҳои дур мувофиқ аст. Бандарҳои пайдарпайро аксар вақт бандарҳои иртиботӣ низ мегӯянд. Миқдори онҳо дар компютер аз як то чор ададро ташкил карда метавонад, ки онҳо мувофиқан СОМ1, COM2, COM3 ва COM4 (COMmunication port - бандари иртиботӣ) номгузорӣ карда мешаванд.

Насби бесим бо модули Bluetooth

вироиш
 
Блутуз (Bluetooth)

Насби ҳамагӣ як адаптери Bluetooth ба компютер имконият медиҳад, ки дар як вақт қариб бо 100 таҷҳизоти дар радиуси то 100 метр ҷойгирбуда робита барқарор намояд. Бо компютере, ки бо модули Bluetooth муҷаҳҳаз мебошад, сахтафзорҳои гуногунро насб намудан мумкин аст. Масалан, компютери фардии дар масофаи наздик ҷойгирбуда бо телефонҳои ҳамроҳ, чопгарҳо, муш, сафҳакалид ва ғайра робита барқарор карда метавонад. Иртиботи додаҳо тавассути мавҷҳои радиоӣ дар радифи 2,2-2,4 Ггс ба амал меояд. Яке аз афзалиятҳои Bluetooth - иртиботи устувори он ба ҳисоб меравад. Устувории он новобаста аз мавқеъи ҷойгиршавии мавҷқабулкунанда ва мавҷпахшкунанда таъмин карда мешавад. Агар дар компютер модули Bluetooth пешакӣ насб карда нашуда бошад, пас модули алоҳидаи онро бо ёрии USB- бандар ба компютер ҳамроҳ намудан мумкин аст. Дар компютерҳои портативӣ Bluetooth ба таври васеъ истифода мешавад.

Модули Wi-Fi

вироиш
 
Wi-Fi

Технологияи «вай-фай» (Wi-Fi - Wireless Fidelity - садоқати бесим) стандарти иртиботи устувор ба ҳисоб рафта, барои дастрасии бесими шабакаи саросарии Интернет тавассути компютерҳои фардӣ пешбинӣ шудааст. Аксарият компютерҳои портативӣ бо модули Wi-Fi муҷаҳҳазанд. Барои компютерҳои фардии рӯйимизӣ бошад модулҳои алоҳидаи дохилӣ ва берунӣ истифода бурда мешавад. Вазифаи модули Wi-Fi аз ташкил намудани иртиботи байни компютер ва мавҷпахшкунанда (антенна) дар радифи 2,4 Мгс бо суръати аз 11 Мбит/с то 54 Мбит/с иборат аст.