Бандар Аббос (форсӣ: بندر عباس‎) — шаҳри бандарӣ дар қисми ҷануби Эрон, дар соҳили халиҷи Форс. Пойтахт ва яке аз шаҳрҳои калонтарини устони Ҳурмузгон аст. Аҳолиаш 367 508 нафар (2012). Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.[1].

Шаҳр
Бандар Аббос
форсӣ: بندر عباس
Кишвар

Эрон

Координатаҳо

27°12′00″ а. шим. 56°15′00″ т. ш.HGЯO

Аҳолӣ

367 508 нафар (2006)

Коди телефон0761
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
[[Акс:|310px|Бандар Аббос дар харитаи]]
Бандар Аббос
Бандар Аббос

ТаърихВироиш

Бандар Аббосро дар а. 16 португалиҳо зери тасарруфи худ гирифта, Гамру номгузорӣ карданд. Соли 1615 он ба шарафи шоҳи Форс Аббоси 1 (1588–1629) Бандар Аббос номгузорӣ шуд. Баъди ғолибият бар португалиҳо дар муҳорибаи баҳрии назди гул. Ҳурмуз, Шоҳ Аббос онро бо дастгирии флоти баҳрии Британия ба шаҳри бузурги бандарӣ табдил дод.

Шоҳроҳи автомобилгард Бандар Аббосро бо ш-ҳои Кирмоншоҳ, Шероз ва Зоҳидон мепайвандад. Иқлимаш гарми камбориш (ҳарор. июл +490С, янв. +50С), миқдори миёнаи боришоти солона – тақр. 250 мм, намнокии миёна–66%. Дар Бандар Аббос Донишгоҳи исломӣ, Донишгоҳи Ҳурмузгон ва Донишгоҳи тиббӣ амал мекунанд. Моҳидорӣ, тиҷорати меваҳои ситрусӣ, тамоку ва хурмо ривоҷ ёфтааст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш


Шаҳрҳои устони Ҳурмузгон
Абӯмӯсо | Бандар-Аббос | Бандари Линга | Киш | Меноб | Рӯдон | Ҷаск | Қишм | Ҳоҷиобод | Бастак