«Банди Шаҳриёр» (форсӣ: بند شهریار‎) — суруди бостонии мавсимию маросимии эрониён дар аҳди Сосониён, ки Борбад тасниф намудааст.

Дар адабиёти форс-тоҷик (рисолаҳои мусиқӣ, фарҳангҳои тафсирӣ) низ асари мазкурро аз таснифоти маъмули тақвимии Борбад тавзеҳ додаанд. Бинобар тавзеҳи манобеи хаттӣ, «Банди Шаҳриёр» ифодагари нерӯ, шукӯҳу азамати шоҳони сосонӣ буда, мансуб ба силсилаи 360 таснифоти шеърию мусиқии Борбад аст.

Адабиёт

вироиш
  • Раджабов А. Борбад: эпоха, традиция и новаторства. Д., 2010;
  • Раджабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V – V11, Д., 2011;
  • مهدئ ستایشگر. فرهنکنامۀ موسقئ ایران زمین. تهران، ۱۳۷۸

Сарчашма

вироиш