Бандкашӣ — яке аз бозиҳои варзишии бачагонаи тоҷик, ки маъмулан дар ҷашни Наврӯз ва иду маъракаҳои мардумӣ барпо мешавад.

Қоидаҳо

вироиш

Мусобиқаи бандкашӣ дар майдончаи ҳамвор ташкил шуда, барои он арғамчини ғафси дарозиаш 8-10 м истифода мешавад. Иштирокчиён 4-6 нафарӣ ба ду даста ҷудо шуда, аз ду тарафи хат дар майдон ҷойгир мешаванд. Кадом дастае, ки ҳарифонро кашида аз хат гузаронад, ғолиб дониста мешавад. Дар саросари кишвар фаъол аст. [1]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 175

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш