Банд (шеършиносӣ)
Банд (форсӣ: بند) — дар истилоҳи шеършиносӣ ҳар бахшеро аз шеър мегӯянд, ки аз бахшҳои дигари он ҷудо меояд.
Дар шеъри классикӣ ҳар бахш аз шеър аст, ки бо байте мустақил аз бахши дигар ҷудо шуда бошад. Тарҷеъбанд, таркиббанд, мусаммат ва таҷдиди матлаъ намунаҳои асосии банд дар шеъри куҳани форсии тоҷикӣ мебошанд. Дар тарҷеъбанду таркиббанд ҳар банд дорои қофияи хосси худ аст ва бо байти баргардон аз банди дигар ҷудо мешавад. Дар мусаммат низ шеър бо овардани як байт ва бо тағйир додани қофия дар банди баъдӣ шеърро бандгузорӣ мекунад, монанди мусаммати Манучеҳрӣ бо ин матлаъ:
Хезеду хаз оред, ки ҳангоми хазон аст,
Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.
Дар таҷдиди матлаъ низ шоир бо дубора овардани байте, ки ҳар ду мисраи он ҳамқофия аст, шеърро идома медиҳад ва қисмати дувумро аз қисмати аввал ҷудо мекунад. Дар шеъри классикӣ бандро «хона» ва «ришта» ҳам гуфтаанд. Дар шеъри муосир низ бархе аз ашъоре, ки дар онҳо аз қолабҳои шеъри классикӣ пайравӣ нашудааст, банд-банд ҳастанд, монанди «Афсона»-и Нимо Юшиҷ. Дар шеъри муосир чаҳорпора низ дорои бандҳои мустақил аст, ки ҳар ду байт бо қофияе ягона як бандро ташкил медиҳад, монанди ин банд аз чаҳорпораи машҳури Нодири Нодирпур:
Пайкартароши пираму бо тешаи хаёл
Як шаб туро зи мармари шеър офаридаам.
То дар нигини чашми ту нақши ҳавас ниҳам,
Нози ҳазор чашми сияҳро кашидаам!
ки монанди ҳар банди дигари ин шеър аз бандҳои дигар ҷудост. Дар шеъри озод низ бисёре аз шеърҳо аз бандҳои мутааддиде иборатанд, монанди шеъри Сӯҳроби Сипеҳрӣ «Обро гил накунем». Аз банд дар шеъри сапед низ истифода мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- سیروس شمیسا.انواع ادبی. تهران،۱۳۷۰ هـ. ش.؛
- فسایی منصور رستگار. انواع شعر فارسی. شیراز، ۱۳۷۳ هـ. ش.؛
- نشاط سید محمد. زیب سخن. تهران، ۱۳۴۲ هـ. ش.؛
- نوروزی جهانبخش. زیورهای سخن و گونه های شعر پارسی. فیروزآباد۱۳۷۲ هـ. ش.؛
- دانشور عبدالمحمد. علم قافیه و قالبهای شعری. شیراز، ۱۳۶۹ هـ. ش.؛
- رادفر ابوالقاسم. فرهنگ بلاغی-ادبی. تهران، ۱۳۲۸ هـ. ش.؛
- همایی. جلال الدین فنون بلاغت و صناعت ادبی. تهران، ۱۳۲۸ هـ. ش.؛
- میرصادقی میمنت. هنر شاعری. تهران، ۱۳۷۳ هـ. ش
Сарчашма
вироиш- Банд / Ш. Раҳмон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.