Банорас
Банора́с — навъи матоъест, ки тораш абрешиму пудаш аз риштаи пахтагӣ мебошад.
Ду навъи «Банорас». маълуманд: одӣ ва олӣ. Ба ҳар панҷ нахи тори навъи одии он як нахи кабуди баланд ҳамроҳ мешавад. Пудаш бояд аз ресмони кабуд бошад. Навъи олии «Банорас». «Нуқракӯб» ном дошта, ба ҳар 12 нахи тори он як нахи кабуди баланд ҳамроҳ мешавад ва пудаш аз ресмони сафед таҳия мегардад. Асли номи ин матоъ аз Банораси Ҳиндустон аст. «Банорас». дар бисёр шаҳрҳои Осиёи Миёна маъмул буда, аз он бештар ҷома медӯзанд. Ҳоло «Банорас».-ро дар коргоҳҳои махсуси истеҳсолӣ бофта аз он ҷома ва анвои дигар либосҳои миллӣ медӯзанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Банорас / Н. Турсунов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.