Банту — гурӯҳи мардумони муқимӣ дар қисмати калонтарини марказу ҷануби Африқо (Танзания, Мозамбик, Конго ва ғайра).

Банту
Сукунат Восточная Африка, Центральная Африка и Южная Африка
Дин масеҳият, ислом ва Анимизм
 Парвандаҳо дар Викианбор
Бо ранги сурх манотиқи аслии иқомат ишора шудааст

Калонтарин халқҳои банту акамба, барунди, ганда, зуду, ибибио, кикуйю, коса, конго, луба, лунда, луо, лухя, макуа, малави, манго, нямвези, руанда, суахили, сукума, суто, тонга, торо, тсвана, шона, яо ва ғ. мебошанд.

Забон ва дин

вироиш

Ду забони асосии гуфтугӯӣ ба банту хос аст. Баъзан бо забонҳои гуногун низ бо ҳамдигар гуфтугӯ мекунанд. Аз ҳама бештар забони суахилӣ паҳн гаштааст; зиёда аз 50 млн нафар ба ин забон ҳарф мезананд. Шумораи умумии банту дар аввали садаи 21 ба 200 млн нафар расидааст. Онҳо эътиқодманди дини христианӣ (католикӣ, протестантӣ) ва ислом (суннӣ) мебошанд. Қисми зиёди банту дин ва урфу одатҳои қавмии худро нигоҳ доштаанд.

Фарҳанг

вироиш

Халқҳои банту ба умумияти ягонаи маданиву фарҳангӣ тааллуқ надоранд. Қиёфаҳои гуногуни антропологии нажодҳои экваториалӣ дида мешаванд. Маданияти бантуи халқҳои Конго бо маданияти халқҳои Гвинеяи Боло дар забони гуфтугӯӣ аз ҳам фарқ дошта бошанд ҳам, ягонагии зиёде ба ҳам дорад; дар маданияти халқҳои қисми ҷан. ғарбӣ ва шарқии Африқо шабоҳат ва мувофиқати зиёде дар маданият бо халқҳои Нили Боло вуҷуд дорад. Аҷдоди банту тахминан дар ҳазорсолаи 1 то м. ба тарафи Камеруни ҳозира, ки дар ҷанубтари кӯли Чад воқеъ аст ва ба тарафи ҷануб, инчунин ба қисми тропикӣ ва ҷан. шарқӣ равона шудааст.

Ҳангоми ҳиҷрат бантуҳо халқҳои муқимнишинро фишор дода ба онҳо омехта мешуданд (пигмейҳо, қисме, ки дар ҷангалзор мезистанд; аҷдоди халқҳои койсан, ки дар саваннаҳои Шарқӣ ва Ҷ. Ш. Африқо ҳаёт ба сар мебурданд). Дар равиши ин корҳо худи банту баъзе унсурҳои маданияти автохтонии аҳолии он ҷоҳо, аз ҷумла сохти фонетикӣ ва қисмати лексикии забони онҳоро ёд гирифтаанд. Дар асрҳои миёна баъзе халқиятҳои банту муассисаҳои нахустсиёсӣ, мисли Китара (торо), Мономотапа (шона) ва ғ. таъсис доданд. Инчунин шаҳр — давлатҳои суахилигӣ дар қисматҳои шарқии соҳилҳои дарёӣ таъсис дода шуданд. Дар интиҳои асри миёна барои ташкили калонтарин нахустдавлатҳо асос гузошта шуданд (Конго, Буганда, Руанда, Лунда ва ғайра). Муҳоҷирати гурӯҳҳои алоҳидаи банту то нимаи садаи 19 давом ёфт. Дар ибт. садаи 21 муттаҳидшавии гурӯҳҳои алоҳидаи банту дар ҳудуди давлатҳои муосир давом дошт.

Машғулияти анъанавӣ ва асосии онҳо зироаткорӣ дар замини кундаковшудаи бешазор аст. Аксарияти халқҳои банту ҳам бо зироаткорӣ ва ҳам бо чорводорӣ машғул гаштаанд (сукума, тонга ва ғайра). Баъзе аз онҳо комилан чорводор мебошанд (суто, коса ва ғайра). Соҳаҳои иловагие, ки бо он банту машғуланд, шикор, занбӯрпарварӣ, ҷамъоварии набототу рустаниҳо ва меваҳои ҷангалӣ мебошад. Гудозишу коркарди оҳану нуқра ва тило, тайёр кардани маснуоти беҳтарин аз чӯб ва устухон аз маслакҳои қадимии бантуҳо аст. Асос ва таҳкурсии ҷамъияти иқтисодиву оммавии бантуро роҳбарон ва пешвоёни қабила ё иттифоқи қабилаҳо ташкил медиҳанд. Манзилҳои ирқӣ асосан (аз барг) гирдшакл буда, аз шохаҳои дарахтон, ки бо лой пӯшонида мешаванд, сохта шудаанд. Шифти хона бо шохаҳои дарахти палма ё алафҳо пӯшонида шудаанд. Деворҳои кулбаҳои бантуҳои ҷанубӣ бо гулҳои рангоранг кандакорӣ мешуданд. Дар соҳилҳои дарёҳои қисмати шим. шарқии Афрриқо сохти хонаҳо чоркунҷашакл буда, бомҳояшон дунишеба ва аҳромшакл сохта шудаанд.

Сарчашма

вироиш


Шаблон:Africa-stub