Банӣ Мунаҷҷим, ё Бану Мунаҷҷим (ар. بنو المنجم‎‎) — лақаби хонадони аҳли илм, фарзандон ва авлоди Абуалӣ Яҳё ибни Абимансур, олимони эронитабор (асрҳои 8–9), ки дар дарбори хулафои аббосӣ ҷойгоҳи махсусе доштанд.

Бану Мунаҷҷим

Шаҷаранома

вироиш

Лақаби Банӣ Мунаҷҷим ба ин хонадон ба сабаби таҳқиқоти нуҷумии сардори хонадон – Абуалӣ Яҳё ибни Абимансур дар дарбори Маъмун (ҳукмр. 813–33) дода шудааст.

Абулҳасан Алӣ ибни Яҳё

вироиш

Абулҳасан Алӣ ибни Яҳё ибни Абимансуру-л-Мунаҷҷим (815–88), писари калонии Яҳёст, ки лақаби «Мунаҷҷим»-и хонадон аз ӯ мерос мондааст (инчунин, бо лақаби «Ахборӣ» низ ёд мешавад). Ӯ, чун падараш, ба дарбори аббосиён роҳ ёфта, яке аз корҳои муҳимтаринаш таъсиси маҷмӯаи фарҳангии «Хизонату-л-ҳикма» («Хазинаи ҳикмат») барои вазир Фатҳ ибни Хоқон буд. Абулҳасан, инчунин, ба табобат, мусиқӣ ва шеър алоқа дошт ва тарғибгари корҳои илмӣ буд. Қусто ибни Луқо «Китоб фӣ-л-мадхал ило илму-л-ҳандаса» ва Собит ибни Қурра «Китоб фӣ мо саъала Абулҳасан Алӣ ибни Яҳё ал-Мунаҷҷим мин абвоби илму-л-мусиқӣ»-ро барои ӯ таълиф кардаанд. Абулҳасан с. 888 дар шаҳри Сомарра вафот кардааст. Осори Абулҳасан аз «Ахбори Исҳоқ ибни Иброҳим Муслӣ», «Китоб-ут-табих», «Аш-шуароу-л-қудамо ва-л-исломийин» (муҳимтарин асари ӯ дар бораи сабкҳои шеъри арабӣ) иборат будааст. Абулҳасан шеър низ месурудааст ва Ибни Халикон ва Абурайҳон Берунӣ дар «Осору-л-боқия» чанд байт аз ашъори ӯро овардаанд.

Абуаҳмад Яҳё ибни Алӣ

вироиш

Абуаҳмад Яҳё ибни Алӣ ибни Яҳё ибни Абимансур ал-Мунаҷҷим ан-Надим (855–912) яке аз писарони Абулҳасан Алист, ки дар соҳаи адабиёт ва мусиқӣ машҳур шуд. Ӯ дар дарбори Муътазид (ҳукмр. 892–902) ва Муктафӣ (902–08) эҳтироми калон дошт. Аз хонаводаи Банӣ Мунаҷҷим Абуаҳмад ягона фардест, ки ҳам китобаш боқӣ ва ҳам маълумоти кофӣ аз зиндагии ӯ мондааст. Осори ӯ: «Ал-боҳир фӣ ахбори шуарои мухазрам-ид-давлатайн» (дар бораи зиндагиномаи шоирони давраи гузариши ҳукумати исломӣ аз Умавиён ба Аббосиён. Ӯ китобро ба итмом нарасонд, онро пас аз маргаш писараш Абулҳасан ба охир расондааст), «Рисолатун ило Қусто ибни Луқо ва Ҳунайн ибни Исҳоқ» (дар бораи баҳси ӯ бо Қусто ибни Луқо дар бораи мазҳаб буда, боқӣ намондааст). Муҳимтарин китоби ӯ «Рисолатун фи-л-мусиқӣ» аст, ки ҷанбаҳои гуногуни мусиқии қадими арабиро тавзеҳ медиҳад. Дар он истилоҳоти сершумори мусиқӣ ба забони форсӣ шарҳ ва таъриф шудааст. Нусхаҳои ин китоб дар китобхонаҳои Лондон, Қоҳира, Бағдод ва Ҳиндустон маҳфузанд.

Абуабдуллоҳ Ҳорун ибни Алӣ

вироиш

Абуабдуллоҳ Ҳорун ибни Алӣ ибни Яҳё ибни Абимансур Мунаҷҷими Бағдодӣ (865–901) яке аз писарони Абулҳасан Алӣ буда, чун падару бародараш дар дарбори Аббосиён обрӯю эътиборе дошт. Осори ӯ: «Ал-бореъ фӣ ахбор-иш-шуаро» (зиндагиномаи 160 шоирро дар бар мегирад), «Ахбору-ш-шуароу-л-кабир», «Китоб-ун-нисо ва мо ҷоа фиҳинна мину-л-хабар ва маҳосин ва мо қила фиҳинна мини-ш-шеър ва калому-л-ҳасан» иборат аст.

Абуисо Аҳмад ибни Яҳё

вироиш

Абуисо Аҳмад ибни Яҳё ибни Абимансур (с. тав. номаълум – ваф. 932), бародари Абуаҳмад Яҳё. Дар бораи зиндагии ӯ маълумот нест. Аз ӯ осори зерин боқӣ мондааст: «Рисола фӣ нубувати Муҳаммад» ва «Таърих синну-л-олам».

Абулҳасан Аҳмад ибни Яҳё

вироиш

Абулҳасан Аҳмад ибни Яҳё ибни Абимансур, мутакаллим, фақеҳ, адиб ва шоир (876–939). Дар фиқҳ аз мазҳаби Абуҷаъфари Табарӣ пайравӣ мекард ва андешаҳои муътазилӣ низ дошт.

Абулқосим Юсуф ибни Яҳё

вироиш

Абулқосим Юсуф ибни Яҳё ибни Алӣ ибни Яҳё ибни Абимансур, бародари Абулҳасан Аҳмад ва писари Абуаҳмад Яҳё. Дар бораи зиндагии ӯ маълумоте нест. Лекин хабаре ҳаст, ки соле 600 динор ба бемористони «ас-сайёд»-и Бағдод, ки Собит ибни Қурра онро сохта буд, кумак мекард.

Абулҳасан Алӣ ибни Ҳорун

вироиш

Абулҳасан Алӣ ибни Ҳорун ибни Алӣ ибни Яҳё ибни Абимансур (890–963), адиб ва шоир, шохаи бузурги Банӣ Мунаҷҷимро ба вуҷуд овард. Ӯ бо Ибни Надим ошно буда, бо Абулфараҷи Исфаҳонӣ мубоҳисаи адабӣ доштааст. Осори ӯ: «Ал-лафзу-л-муҳиту бинақзи мо лафаза биҳи ал-лақит», «Ан-нийруз ва-л-миҳрҷон», «Ар-рисолатун фӣ-л-фарқ байна Иброҳим ибн ул-Маҳдӣ ва Исҳоқ ул-муслӣ фӣ-л-ғано», «Ал-фарқ ва-л-меъёр байна ал-авғод ва-л-аҳрор», «Китоби шаҳри рамазон» ва «Ар-рад ало ул-халил фӣ-л-аруз». Аз ӯ ашъоре низ боқӣ монда, ки Ибни Халикон ва Абурайҳон Берунӣ намунаҳои онҳоро овардаанд.

Абуабдуллоҳ Ҳорун ибни Алӣ

вироиш

Абуабдуллоҳ Ҳорун ибни Алӣ ибни Ҳорун ибни Алӣ ибни Яҳё ибни Абимансур ал-Мунаҷҷим (с. тав. номаълум–ваф. 986). Ӯ дар кори  нуҷум,   сохтани афзори нуҷумӣ ва аҳкоми он машҳур будааст. Зиҷи худро тақр. дар с. 864 навиштааст.

Адабиёт

вироиш
  • دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج۱۲. تهران، ۱۳۸۳؛
  • دانشنامۀ جهان اسلام. ج۴.تهران، ۱۳۷۷؛

Сарчашма

вироиш