Банҷикас
Таърих
вироишДоир ба тобеияти Банҷикас дар байни муаррихони асрҳои миёна ва замони ҳозира ақидаи ягонае ба назар намерасад. Муаллифи «Ҳудуду-л-олам» таъкид кардааст, ки «Варғсар ва Банҷикас ду шаҳраканд аз Самарқанд, бар лаби рӯди Бухоро (бино) ниҳода». Истахрӣ дар рафти тавсифи тавобеи Самарқанд топоними Банҷикас-ро ёдовар гардида, вақти зикри шаҳрҳои ноҳияи Усрушана номи Нуҷикасро ба кор бурдааст, ки шояд ҳазфи хаттот бошад. Муаллифи «Ҳудуду-л-олам» низ вақти ёдкарди шаҳракҳои Самарқанд гунаи Банҷикас, вале вақти тазаккури тавобеи Самарқанд шакли «Навинҷкас»-ро ба кор бурда, таъкид менамояд, ки Навинҷкас қасабаи Сурушана асту мустақарри мири ин ноҳият …". В. В. Бартолд Банҷикасро яке аз 12 рустои Самарқанд зикр карда, онро аз шаҳрҳои Усрушана ба қалам медиҳад ва ин ақидаро Н. Неъматов ва Нодири Каримиён пайравӣ менамоянд. Ле Стренҷ Банҷикас-ро дар радифи рустоҳои умдаи Самарқанд ба шумор меорад. Саид Нафисӣ Банҷикас-ро дар бахши тавобеи Самарқанд ёдовар шуда, аз ҷумлаи «қуроъу» қасаботу шаҳрҳои кӯчак" меҳисобад. Таҳлилу муқоисаи маводди ҷуғрофӣ нишон медиҳад, ки дар даврони Сомониён баробари Банҷикас боз мавзее мавсум ба «Нунҷикас» низ вуҷуд доштааст, ки маркази вил. Усрушана будааст. Банҷикас ё Бунҷикас ё Нунҷикас, ба гунаи ду вожаи наздикталаффуз, пароними Фараб ё Фарабр аст, ки бо вуҷуди тобеи Бухоро будани ҳар ду, дар ифодаи мавзеъҳои мухталифи шаҳри мазкур омадаанд. Ле Стренҷ низ тафовути ин топоним-пароними номбурдаро ёдрас карда, афзудааст, ки хонандагон набояд Бунҷикас, маркази Усрушанаро бо Банҷикас, ки дар ховари Самарқанд аст, махлут кунанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бартолд В. В., Сочинения. Т. 1. М., 1963;
- Неъматов Н. Давлати Сомониён. Д., 1989;
- Абдуллоев С. Ҷуғрофиёи таърихи давлати Сомониён. Х., 2001;
- Абдуллоев С.. Фарҳанги Сомониён. М., 2001;
- نفیسی سعید. محیط زندگی و احوال و اشعار رودکی. تهران، ۱۳۳۶؛
- احمد رنجبر. خراسان بزرگ. تهران، ۱۳۶۳؛
- استخری. ممالک و مسالک. تهران، ۱۳۷۳؛ъ
- حدود العالم من المشرق و المغرب. تهران، ۱۴۰۳؛
- نادر کریمیان سردشتی. اوسروشنه. تهران، ۱۳۸۱
Сарчашма
вироиш- Банҷикас / А. Ҳасанов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.