Барг — яке аз узвҳои рустаниҳои дараҷаи олӣ. Вазифаи ҳосил кардани моддаҳои органикӣ, бухор ва мубодилаи газро иҷро мекунад.

Барги дарахтони мева, одатан, аз паҳнак ва думча иборат аст. Дар паҳнаки барг амалиёти физиологӣ (мас., фотосинтез, нафаскашӣ) ба амал меояд. Думча баргро ба навда пайваст мекунад. Шакли барги дарахтони мева ниҳоят гуногун аст. Мас., барги анор байзашакли нӯгтез, анҷир панҷпарраи панҷамонанд, афлесун гирда ва нӯгтез, биҳӣ мудаввар ё байзашакли дарозрӯя, бодом нештармонанд ё байзашакл, гелос калони дандонадор, дӯлона яклухти паргӯша, мурӯд мудаввар ё байзашакли чармгун, лиму ғафси тухмшакл, олуболу думчадарози байзашакл ё дарозрӯяи дандонадор, санҷид борики бедандона, тут паҳни дандонадор, хурмо паҳни бедандона, шафтолу нештаршакли дандонадор, ток панҷашакл ва ғ. барг хусусан баъди гум кардани қобилияти ассимилятсия шаклашро сахт тағйир медиҳад. Пулакчаҳои муғчаи дарахтон аз қабили чунин барг буда, нуқтаи сабзишро аз таъсири номусоиди ҳаво ҳифз мекунанд. Сохти микроскопии баргҳо ниҳоят гуногун бошад ҳам, аломатҳои умумиашон қариб як хел аст. Паҳнаки барг аз ҳар ду тараф бо эпидермаю пӯст пӯшида шудааст. Дар зери эпидерма нарма (мезофилл), ки аз чанд қабат бофтаҳои сабз (хлоренхима) иборат аст, ҷойгир мебошад (дар хлоренхима ҷараёни фотосинтез ва нафаскашӣ сурат мегирад). Рагҳои барг барои бунёди асоси барг аҳаммияти калон доранд. Ба воситаи ксилемаи рагҳо ба барг аз реша об ва моддаҳои ғизоӣ омада, ба воситаи флоэма маҳсули фотосинтез ба диг. узвҳои рустанӣ меравад. Ҳуҷайраҳои эпидерма, одатан, ҳамвору беранг буда, ба якдигар хеле ҷафс ҷойгиранд. Сатҳи онҳоро бештар кутикула ва баъзан мумпарда пӯшидааст (баргро аз ҳашарот, занбӯруғҳо, микроорганизмҳо, бисёр бухор шудани об ва хушкидан ҳифз мекунад). Дар эпидерма масомаҳо мавҷуданд, ки барои мубодилаи газ ва бухори об аҳаммияти калон доранд.

Корбурд

вироиш

Одам баргро бо мақсадҳои гуногун истифода мебарад, мас., аз барги ток оши токӣ ва хӯрокиҳои дигар таҳия мекунад. Барги тут ғизои асосии кирмак аст.

Адабиёт

вироиш
  • Жуковский П. М. Ботаника. М., 1964;
  • Александров В. Г. Анатомия растений. М., 1966;
  • Эсау К. Анатомия растений. М., 1969;
  • Фотосинтез и использование солнечной энергии. Л., 1971.

Сарчашма

вироиш