Баргардонидани молу мулк

Баргардонидани молу мулк — дар ҳуқуқшиносӣ бозпас талаб карда гирифтани молу мулки соҳибмулк аз шахсе, ки онро бо роҳи ғайриқонунӣ ғасб кардааст. Агар молу мулки музднок аз шахсе ба даст оварда шуда бошад, ки ҳуқуқи бегона кардани онро надошт ва ба дастдароваранда аз ин огоҳ набуд ва огоҳ буда ҳам наметавонист (бадастоварандаи бовиҷдон), ин молу мулкро молик ё шахсе, ки молик барои соҳибӣ додааст, гум карда бошад, ё аз яки онҳо дуздида шуда бошад, ё бо усули дигар, бидуни ихтиёри онҳо аз тасарруфашон баромада бошад, молик ҳақ дорад онро аз бадастоваранда талаб карда гирад. Агар молу мулк аз шахсе, ки ба бегона кардани он ҳуқуқ надошт, бе пул гирифта шуда бошад, молик дар ҳама ҳолат ба талаб карда гирифтани молу мулк ҳақ дорад. Аз бадастдароварандаи бовиҷдон талаб карда гирифтани пул, инчунин коғазҳои қиматнок мумкин нест.

Сарчашма

вироиш
  • Баргардонидани молу мулк / Э. Насурдинов, Д. Сангинов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.