Барду-л-аҷуз
Барду-л-аҷуз (ар. بردالعجوز), барди аҷуз, айёми аҷуз, рӯзҳои аҷуза, сармои пиразан — номи ҳафт рӯзи охири зимистон, ки ҳаво бисёр сард ва тағйирёбанда аст. Ин рӯзҳо дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, ҳавзаи шарқӣ ва ҷанубии Баҳри Миёназамин ва баъзе мамолики араб маъруф аст. Кушёри Гелонӣ (971—1029) дар «Зиҷи ҷомеъ» менависад: «Айёму-л-аҷуз ҳафт рӯз бошад, аввалаш бисту шашум аз шубот буд. Ин айём дар солҳои ғайри кабиса се рӯз аз охири шубот ва чаҳор рӯзи аввали озор, дар солҳои кабиса чаҳор рӯзи охири шубот ва се рӯзи аввали озор аст».
Абурайҳони Берунӣ (973—1048) дар «Осору-л-боқия» овардааст, ки «… „айёми аҷуз“ дар ин моҳ (яъне, шубот) аст ва оғози он рӯзи бисту шашуми ин моҳ аст ва он ҳафт рӯзи пайдарпай аст. Ва „айёми аҷуз“-ро назди араб номҳоест. Рӯзи аввали он „синн“ аст, ки шиддати сармо дар ин рӯз аст. Ва рӯзи дуввум „синнанбар“ аст, ки ашёро монанди синбара мегузорад, яъне як чизи буридашуда. Ва рӯзи севум „вабр“ аст, зеро ин рӯз осори ин айёмро мебарад. Ва чорум рӯз „омир“ аст, яъне мардумро ба тарс аз худ амр мекунад. Ва панҷум „мутаммир“ аст, яъне бо азияти мардум мушовира мекунад. Ва рӯзи шашум „муаллил“ ном дорад, яъне мардумро фиреб медиҳад, ки миқдори каме аз сармои худ кам шудааст. Ва рӯзи ҳафтум „мутфиулҷамр“ ном дорад ва сармои ин рӯз аз дигар рӯзҳо сахттар ва дар ин рӯз оташ хомӯш мешавад. Ва ин рӯзро „мукфиулқидр“ мегӯянд, яъне аз шиддати боди сард худ дегро хомӯш мекунад. „Рӯзҳои аҷуза“ мегузаранд ва он гоҳ хунукӣ бартараф мешавад, аз ҷониби баҳр бароят ҳарорати гармӣ меояд».
Мардумшиноси рус М. С. Андреев (1873—1948) дар аввали садаи 20 дар Помири Ғарбӣ нусхаи рисоли қадимиеро пайдо кард, ки он ба тақвимҳои мардумӣ бахшида шудааст. Дар он боби махсус-боби нуҳум. «Дар баёни донистани айёми аҷуз. Ҷамарот» ном дошта, оид ба «айёми аҷуз» чунин омадааст: «Бидон, ки Офтоб чун дар бурҷи Ҳут расад, аз севуми Ҳут то ҳафтдаҳуми Ҳут се таф, яъне се гармӣ эътибор кардаанд ва мунаҷҷимон онро „ҷамара“ гӯянд. Аммо аввал тафти замин, ки онро „ҷамароту-л-арз“ гӯянд ва он дар севуми Ҳут бошад. Дувумро „ҷамароту-л-моӣ“ гӯянд ва ин ҳафт рӯз пас аз тафи замин бошад, чунон ки рӯзи даҳуми Ҳут бошад. Севвумро „ҷамароти илоҳӣ“ гӯянд ва ин низ дар ҳафтдаҳуми Ҳут бошад. Чун ҳафт рӯз аз тафти ҳаво бигзарад, ҳафт рӯзи дигар „айёми аҷуз“ бошад, яъне ҳафтаи кабирӣ ва ин аз бисту чаҳорум то сиюми Ҳут бошад. Ва ин рубоӣ ҳавоии ин ҳисоб аст:
Айёми аҷуз агар надонӣ, эй дӯст,
Ман бо ту бигӯямаш, ки бисёр накӯст.
Чун пир шавад шинос, оҷиз гардад,
Дар охири Ҳут, чунки як ҳафта дар ӯст».
Истилоҳи «барду-л-аҷуз» дар адабиёти форс-тоҷик барои васфи сармои сахт ба кор рафтааст, аз ҷумла дар ашъори Низомии Ганҷавӣ ва Мавлавӣ ба ҳамин шакл ва дар «Гулистон»-и Саъдӣ ба сурати «барди аҷуз».
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Андреев М. С. Таджики долины Хуф (верховья Аму-Дарьи). Вып. I., Сталинабад, 1953;
- Абурайҳон Берунӣ. Осору-л-боқия. Д., 1990; Ғиёсуддин Алии Исфаҳонӣ. Нуҷум. Хоруғ, 1994;
- Холов М. Ш. Тақвимҳои кишоварзии тоҷикони кӯҳистон. Д., 2006;
- دانشنامۀ جهان اسلام. تهران، ۱۳۷۸؛
- دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۱۳۸۰
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.