Барзагов
Барзагов (аз барз — зироат, деҳқонӣ), гови варза, варзагов — гови нар, ки ахта карда шудааст. Барзагов барои ҷуфтронӣ, хирманкӯбӣ, чигинакашӣ ва диг. корҳои деҳқонӣ мувофиқ аст. Барзаговҳо, одатан, оромтабиат буда, зуд фарбеҳу нерӯманд мешаванд. Буққачаҳоро аз 8-12-моҳагӣ ахта мекунанд. Давраи мусоидтарин барои ахта кардани онҳо фасли тирамоҳ ва авв. баҳор аст. Барзагов, маъмулан, дар ҷойҳое кор фармуда мешавад, ки истифодаи мошину трактор номумкин бошад. Барзаговро аз 2-солагӣ ва дар маҷмӯъ 8-9 сол кор мефармоянд. Пӯсти барзагов (50-60 кг) чарми ғафси хушсифат медиҳад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Барзагов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.