Барзу (форсӣ: برزو‎) — яке аз персонажҳои достонҳои ҳамосии халқҳои эронинажод, аз он ҷумла «Барзунома»; писари Суҳроб, набераи Рустам.

Барзу мисли падараш ба фитнаи Афросиёб ба ҷанги Рустам рафт, вале бо тадбири модараш аз марг раҳо ёфт. Афросиёб боре пас аз шикаст хӯрдан аз эрониён аз деҳе гузар мекард. Дар замине ӯ шахси паҳлавонҷуссаро дид, ки шудгор мекард. Афросиёб хост, ки Барзу ба наздаш биёяд, вале Барзу дар аввал даъвати густохонаи фиристодагони Афросиёбро қабул накарда, онҳоро аз назди худ ронд. Вақте Афросиёб ва сарони лашкараш бо тавозӯъ хоҳиш карданд, Барзу ба назди Афросиёб омад. Афросиёб ба Барзу зару моли зиёде бахшида, ӯро барои ҷангидан бо эрониён розӣ кард. Дар ҷанги якум Барзу Тус ва Фарибурзро асир гирифт, Рустам асиронро озод кард, вале ба ҷанги Барзу тоб наоварда, захмӣ шуд. Фаромарзи писари Рустам Барзуро асир гирифт. Аз банди Рустаму Фаромарз Барзу бо ёрии модараш раҳоӣ ёфта, сӯи Турон гурехт, вале дар дашт бо Рустам вохӯрд. Пас аз ду набард Рустам Барзуро мағлуб кард. Модари Барзу Рустамро огоҳ кард, ки Барзу наберааш мебошад. Баъд аз ин Барзу дар сафи эрониён ба муқобили турониён ҷангида, якчанд паҳлавони эрониро, ки Пилсум (паҳлавони туронӣ) асир гирифта буд, озод намуд. Кайхусрав ноҳияҳои Ғур ва Ҳиротро ба Барзу бахшида, дархост кард, ки одилона ҳукмронӣ кунад ва пушту паноҳи кашоварзону барзгарон бошад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш