Барид (ар. برید‎; лот. věrēdus; юн. beredos) — намуди алоқа дар мамлакатҳои исломӣ, ки дар асрҳои 7-13 «чопор»-у «чопар» ва пас аз истилои муғулҳо дар садаи XIII «ём» номида мешуд.

Истилоҳ

вироиш

Дар осори муосирон барид ба ду мазмун омадааст: ҷуғрофиёӣ ва идорӣ. Аз рӯйи мазмуни якум барид шабакаи роҳҳои саросари кишвар буда, дар ҳар роҳ манзилгоҳҳои ба ном «сикка» ё «работ» ба фосилаи 2 фарсанг (навоҳии шарқӣ) ва 4 фарсанг (навоҳии ғарбӣ) сохта шуда буданд. Аз рӯйи мазмуни дуюм барид соз-мони идорӣ буда, он ба «девони барид» итоат мекард. Барид дар дохили худ ду ташкилот дошт-дастгоҳе, ки бо ёрии кабӯтарон нома мефиристод ва созмоне, ки барои расонидани ахбор оташ, нур ва ойинаро истифода мекард. Истилоҳи барид баъзан ба маънои асп, астар ё маркаби поч-та, пайки савора, истгоҳ ё фосилаи миёни ду истгоҳи почта истифода мешавад. Ин созмон вазифаи алоқаро миёни маркази ҳукуматҳо бо вилоёт ва расонидани ахбору рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ, ирсоли номаҳо ва паёмҳо, ҳамлу нақли муросилоти давлатӣ ва гоҳ хусусӣ, расонидани маъмурон ва аксари фармонҳои ҳукуматиро ба уҳда дошт. Калимаи «барид» муарраби калимаи форсии «буридадум» аст. Зеро думи аспон ва астарони баридро мебуриданд, то шинохта шаванд ва сабуку чобук гарданд.

Таърих

вироиш

Дар аҳди Ҳахоманишиҳо (559—330 то м.) Дориюш (Доро)-и I (522—486 то м.) барои барқарории амнияти умумӣ дар давлат ташкилоте бунёд кард, ки дар он дабир ё муншии махсусе бар «хишашараҳ пован» (сатрап, шаҳрбон)-ҳои вилоят таъйин кард, то «чашму гӯши шоҳ бошанд ва ӯро аз ҷараёни умур ва рӯйдодҳои муҳимми вилоят ва рафти иҷрои фармонҳои марказ огоҳ созанд». Бо ин мақсад ва барои тезонидани суръати хабаррасонӣ роҳҳои ҳамвору манзилгоҳҳо барои қосидони давлат дар фосилаи 4 фарсанг сохта шуданд. Масофаи байни истгоҳҳо ба масофаи дар як рӯз тай кардаи як асп баробар буд. Таъсиси роҳҳои ҳамворро ба Куруши Кабир (559—529 то м.) нисбат медиҳанд. Сохтмони роҳҳои корвонрав, нигоҳдории аспҳои буридадум дар манзилгоҳҳо ва ташкили дастгоҳи барид дар замони Дориюши (Доро) III (336—330 то м.) — охирин подшоҳи сулолаи Ҳахоманишиҳо ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расид. Барид ба давлат тааллуқ дошта, вазифаи асосии он хабаррасонии босуръат миёни марказ ва вилоёт буд. Дар истгоҳҳои почтавии ҷудогона доиман аспҳои зиншуда ва қосидон ба хидмат тайёр буданд. Қосиди якум муросилотро ба дуюм, дуюм ба сеюм ва ҳамчунин то охирон медод, ки онро ба ҷойи муқарраршуда тез бурда мерасонд. Ташкилот ва ҳимояву нигоҳбонии роҳҳои корвонрав ва тиҷоратии давраи Ашкониён (224) дар сатҳи олӣ буд. Онҳо вориси низоми идории ҳукуматҳои пешин, яъне Ҳахоманишиҳо ва Селевкиён (330—150 то м.) буданд.

Сосониён (224—650) низ, ки расми давлатдориро аз Ҳахоманишиҳо гирифта буданд, ба густариши барид кӯшиш карданд. Коргузорони барид дар ин давра аз Фарғона то Шош (Чоч), аз Мадоин то Ҳира, аз Баҳрайн то Маскоб ва дар саросари Арабистону Шом то қаламрави Румиён рафту омад мекарданд ва гоҳ аз астарҳо (бағолу-л-барид) истифода мебурданд. Яке аз муҳрҳои чоргонаи Хусрави I Анушервон (ҳукмр. 531—579) ба барид тааллуқ дошт.

Дар давраи Умавиён (661—749) барид аҳаммияти бештаре пайдо кард. Таъсиси девони баридро дар ин давра ба Муовия ибни Абисуфён (661-79) нисбат медиҳанд. Ӯ ин соз-монро бо дастёрии Зиёд ибни Абия ташкил кард, ки мавсуф ҳокими Форс ва бо забони форсиву низоми девони эрониён шинос буд. Муҳимтарин вазифаи барид пеш аз Умавиён ҷосусӣ ва хабаррасонӣ буд, ки дар ин давра низ идома ёфт. Дар аҳди Абдулмалик ибни Марвон (684—704) низоми барид дар дигар заминаҳо густариши зиёд пайдо кард. Дар ин давра барид на танҳо хабаррасонӣ, ҳамлу нақли номаҳо, ивазкунии аспҳо дар истгоҳҳо, инчунин ҳамлу нақли сипоҳиёнро дар вақти ҷанг иҷро мекард. Дар давраи ҳукмронии халифаи араб Умари II (717-20) бо мақсади назорати бештари ҳукумати марказӣ ташкилоти барид мустаҳкам шуд. Қадимтарин санад дар бораи ташкилоти барид низ аз ҳамин даврон боқӣ мондааст. Аз ҳафриёти наздикии Самарқанд санади с. 719 ёфт шудааст, ки мавҷудияти ташкилоти баридро дар Мовароуннаҳр тасдиқ мекунад. Ин санад ба номи Сулаймон ибни Абуссорӣ, як деҳқони суғдӣ аст, ки Умари II ӯро ба мансаби соҳибу-л-барид таъйин кардааст.

Бариди давраи Аббосиён (750—1258) чун дигар ташкилоти давлатии хилофат монанди сохтори замони Сосониён ташкил карда шуда, хабаррасонӣ ва ҷосусӣ муҳимтарин вазифаи ин созмон буд. Дар аҳди Мансур (754-75) ва писару ҷонишинаш Маҳдӣ (775-85) ба ин созмон аҳаммияти бисёр дода мешуд. Мансур барои интизоми умури давлат 4 танро лозим медонист: қозӣ, соҳиби шурта, соҳиби хироҷ ва соҳиби барид, ки вазифадор буд ахбори се тани дигарро ба дурустӣ ба халифа бирасонад. Барои ривоҷ ва мустаҳкам намудани кори барид Маҳдӣ с. 782 дар роҳҳои аз Макка то Мадинаву Яман истгоҳҳои барид сохта, дар онҳо астарону шутурони зиёде фароҳам овард. Ҳангоми ҷанг бо румиён кори баридро ба дараҷае боло бардошт, ки ахбори ҷангро ба суръат ба ӯ бирасонанд.

Дар рӯзгори Ҳорунаррашид (786—808) девони барид бо роҳнамоӣ ва дастгирии Бармакиён назми тоза ёфта, дар маркази ҳамаи вилоятҳо созмони барид таъсис дода шуд. Девони барид дар ин давра яке аз идораҳои муҳим буда, баррасии авзоъ ва ҷараёни корҳо, назорат бар маъмурони олимақоми вилоёт, танзими ахбору гузориши онҳо ба марказ, ҳамлу нақли воситаҳои ба давлат тааллуқдошта ва ғ-ро ба уҳда дошт. Раиси девон «соҳиби барид» номида мешуд ва аз миёни шахсони муътабар ва муътамад интихоб мегардид. Аз ин рӯ, гоҳ хулафои Аббосӣ худ раёсати баридро бар уҳда мегирифтанд. Дар давраи баъзе хулафо, мас., Маъмун (813-33), шабакаи махфии ҷосусии барид густариш ёфт. Барои ирсоли ахбор аз кабӯтарони номабар ва шутурон истифода мекарданд.

Дар замони Саффориён (861—1590) низ вазифаҳои барид тақрибан тағйир наёфтанд. Бунёдгузори ҳукумати Саффориён Яъқуб ибни Лайс (ҳукмр. 861-78) худ дар сохтори барид шабакаи ҷосусиро ташкил дода буд. Амр ибни Лайс (ҳукмр. 878—900) одамонро аз ҷавонӣ барои хидмат дар барид ва ҷосусӣ тарбият менамуд. Илова бар маъмурони махфӣ ва ҷосусон савороне бо унвони «қосиди соӣ» ё «пайк» буданд, ки вазифаи онҳо расонидани номаҳои маҳрамона буд. Азудуддавла (ҳукм. 977-82) дар тарбияи «файуҷ» (пайкҳо), ки «суот» (давандагон) меномиданд ва дар хабаррасонӣ кӯшиши зиёд кард. Ӯ масофаеро, ки барид дар як рӯз мепаймуд, афзоиш дода, амниятро дар роҳҳо барқарор сохт ва аз рӯйдодҳои қаламрави исломӣ огоҳӣ меёфт. Шукуфоии иқтисодӣ ва фаъолиятҳои тиҷоратӣ дар ин асрҳо барои эҷоди истгоҳҳои барид ва қарор додани чорпоёни омодаи ҳаракат дар ин истгоҳҳо барои иқтидори амният дар роҳҳои тиҷоратӣ ва низомӣ замина гузоштанд. Қудома ибни Ҷаъфари Бағдодӣ (ваф. 948), ки дар замони Муктафӣ (ҳукмр. 901-07) соҳиббарид буд, дар бораи барид чунин гуфтааст: «Барид девони мустақил аст ва раиси девони барид бояд аз ҳар чиз бохабар бошад ва ба ҳар ҷое роҳ дошта бошад».

Сомониён (892–998) ба ташкилоти барид дар Хуросону Мовароуннаҳр асос гузоштанд. Дар замони Наср ибни Аҳмад (ҳукмр. 913–42) яке аз девонҳои марказии Бухоро «девони барид» буд ва онро «соҳиби барид» (сардори девони почта) роҳбарӣ мекард. Тамоми шаҳрҳо хабаррасон ва соҳиби барид доштанд ва ҳодисаҳои муҳим бетаъхир ба марказ расонда мешуданд. Фармони махсусе нашр шуда буд, ки дар он хислатҳои зарурии соҳиби барид чунин омадааст: «Ӯ бояд шикоятро бишунавад ва дар бораи онҳо доварӣ кунад. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ба тамоми масоили шаръӣ воқиф бошад. Ҳамчунин зоҳид ва мутаққӣ, доно ва ростгӯ, нексират ва хайрхоҳи ҳама бошад. Ҳангоми баёни воқеъ куллияи ҷавонибро дар назар бигирад». Дар ихтиёри барид дар шаҳру деҳот шумораи зиёди биноҳо, меҳмонҳонаву саройҳо, кормандон, қосидон, аспу аробаҳо мавҷуд буданд. Кормандони барид ба ҳокимони маҳаллӣ неву ба девони мутамаркази барид итоат мекарданд. Ба вазифаи онҳо на танҳо сари вақт расондани хабару фармонҳои давлатӣ ба шаҳру вилоятҳои мамлакат, инчунин фиристодани хабарҳои махфӣ нисбати ин ё он ҳокими маҳаллӣ гузошта шуда буд.

Дар давраи Ғазнавиён (962—1186) ташкилоти барид ба шакли давраи Сомониён идома ёфт ва ҷосусиву хабаррасонӣ аҳаммияти бештаре пайдо кард. Дар замони Маҳмуд (ҳукм. 997—1030) ва Масъуд (1030-40) илова бар вазифаи «кадхудо» (ноиби волӣ) ҳукумати марказӣ шахсеро низ бо номи «соҳиббарид» (ё «ноиббарид») таъйин мекард, то воқеаҳои муҳимро ба подшоҳ гузориш диҳад. Дар ин давра соҳиббариди Балх Абулҳасани Байҳақӣ (тав. номаълум — 1056) буд. Дар ин замон гузоришҳоеро, ки барид расмӣ мерасонд, «аскудор» мегуфтанд. Ин калима ба маънии манзилгоҳи барид ва маъмури хабаррасонӣ низ ба кор рафтааст. Барои махфӣ шудани гузоришҳо ё фармони волӣ, маъмурони барид гузориши дигаре ирсол карда ба самти дигар мефиристоданд ё гузоришро дар даруни мум ё асо пинҳон мекарданд. Ҳангоми ҷанг ҳамроҳи сипоҳиён маъмурони барид равона мешуданд, то ахбори ҷангиро ба марказ гузориш диҳанд. Гузоришҳои расмиро танҳо вазир ва мансабдорони калони давлатӣ боз карда ба подшоҳ расонда метавонистанд. Аз «Таърихи Байҳақӣ» бармеояд, ки ҷосусӣ дар давраи Ғазнавиён тараққӣ ёфта, ташкилоти барид бисёр муназзам шуда будааст.

Дар с-ҳои оғози ҳукумати Салҷуқиён (1037—1194), дар замони Алпарслон (ҳукм. 1063-72) ба ҷосусӣ таваҷҷуҳ намешуд ва девони барид мавҷуд набуд, ки Низомулмулк дар «Сиёсатнома» қайд кардааст. Дар давраи Маликшоҳ (1072-92) фаъолияти барид оғоз шуда, ҷосусони хусусӣ истифода мешуданд. Дар замони Аҳмад Санҷар (ҳукмр. 1118-53) Адиб Собир бо фармони ӯ ба Хоразм ба ҷосусӣ равона шуда буд. Ташкилоти барид монанди ҳукуматҳои пешин хоссу мустақил набуд ва раёсат надошт. Салҷуқиён ташкилоти ҳукумати худро монанди Сомониён ва Ғазнавиён бунёд карданд, лекин номи девонҳои ҳукуматии пешинаро тағйир доданд (мас., «Девони иншо» -«Девони туғро» номида мешуд). Набудани девони мустақили барид маънои тамоман мавҷуд набудани ташкилоти хабаррасониро надорад. Далели мавҷуд будани ташкилоти барид дар замони Салҷуқиён дар мавҷудияти чунин идора дар сохтори ҳукумати давлатҳои туркӣ аст, ки аз ҳукумати салҷуқӣ реша гирифта буданд. Дар катибаи масҷиде ба таърихи 1218 дар шаҳри Қуния мутааллиқ ба Кайковуси I (1210-19) аз салҷуқиёни Осиёи Хурд ба маснади «амири бариди султонӣ» ишора шудааст. Амири барид аз наздиктарин шахсони султон шуморида шуда, сардори ташкилоти барид будааст. Истилоҳи «улоқ» ё «улоғ» дар замони Салҷуқиёни бузург (1037—1157) ба маънои барид ба кор мерафт. Қарохониёни Қошғар ва Самарқанд (1041—1210) низ ташкилоти баридро бо ин истилоҳи қадимии туркӣ номида, аз бурҷҳои оташ барои ирсоли ахбор истифода кардаанд. Хоразмишоҳиён (1096—1230), ки нахуст бо шоҳони салҷуқӣ ва сипас бо муғулон дар набардҳои пай дар пай буданд, фурсати ташкили созмони баридро надоштанд ва фаъолияти он монанди давлатҳои қаблӣ ва ҳамзамонони онҳо буд.

Муғулҳо пас аз истилои Осиёи Миёна (а. 13) дар фаъолияти барид низ дигаргуниҳо ворид намуданд. Дар ин давра барид аз истгоҳҳо — ёмҳо (дар забони маҳаллӣ — ровотҳо) иборат буд, ки дар роҳҳои асосии аз пойтахти мамлакат то тумонҳо ва сарҳадҳои давлатҳои ҳамсоя сохта мешуданд. Ёмҳо дар масофаи 15-20 км воқеъ шуда, аз ҷониби дастаҳои махсуси мусаллаҳ посбонӣ мешуданд. Дар ёмҳо қосидон — ёмчиҳо аспонашонро иваз карда, фармону ахборро тез бурда мерасонданд. Баъзан ёмчиҳо фармони махсус — ёрлиқ (пайсзи)-и хонро доштанд, ки тибқи он ҳокимон ва мардуми маҳаллӣ бояд онҳоро бо лавозимоту хӯрок таъмин кунанд. Ташкилоти барид ба ҳокими марказӣ итоат накарда, танҳо фармону ахбор ва муросилоти давлатиро мефиристод. Фарқияти асосии бариди ин давра аз давраи арабҳо дар он буд, ки он дар итоати шахсони алоҳидаи дар хидмати давлатибуда қарор дошт.

Барид дар давлатҳое, ки пас аз истилои муғулҳо ба вуҷуд омаданд, ба монанди Ҷалоириён (1370—1432), Темуриён (1370—1526), Кароқуйунлуҳо (1407—1468), Оққуйунлуҳо (1468—1501), Сафавиён (1501—1736), Шайбониён (1501-99) «ём», «улоғ» ва «чопор» ном гирифт

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • دانشنامۀ جهان اسلام. تهران، ۱۳۷۸؛
  • دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۱۳۸۰.

Сарчашма

вироиш