Баркаган Соломон Лвович
Баркаган Соломон Лвович (1890, Романовка — 1973, Киев) — терапевт, доктори илми тиб (1947), профессор (1950).
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишкадаи тиббии шаҳри Одесса (1926). Солҳои 1926-41 аспирант, ассистент ва дотсенти ҳамин донишкада буд. Духтури госпитали ҳарбӣ дар шаҳри Чимкент (1941-45), дотсенти Донишкадаи тиббии Одесса (1945-49), мудири кафедраи терапеяи госпиталии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1949-59), сартерапевти раёсати тандурустии шаҳри Душанбе (1959-69). Оид ба роҳҳои муолиҷаю пешгирии тарбод, тарбоди банду буғум, ғалаёни хун, иллати дил, инчунин ташхиси узвҳои дарунӣ, электрокардиография, фармакотерапия зиёда аз 60 китобу мақолаҳои илмӣ навиштааст.
Осор
вироиш- Диагностическое значение реакции формолжелатинации сыворотки крови в клинике внутренних болезней. Одесса, 1947;
- О климатотерапии гипертонической болезни. Сталинабад, 1950.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Баркаган Соломон Лвович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.