Барнаул (русӣ: Барнаул) — шаҳр дар Федератсияи Русия, маркази маъмурии кишвари Олтой (аз соли 1937). Дар ҷануби Сибири ғарбӣ, дар ҷои якшавии дарёи Об ва дарёи Барнаулка воқеъ аст. Мақоми шаҳр аз соли 1771.

Шаҳри Русия
Барнаул
Барнаул
Парчам[d] Нишон[d]
Парчам Нишон
Кишвар Русия
Вилоят Вилояти Олтой
Координатаҳо 53°21′24″ а. шим. 83°47′14″ т. ш.HGЯO
Мэр Q23655943?
Таъсис соли 1730
Масоҳат 322,01 км²
Аҳолӣ 635 585ҳ нафар нафар
Коди телефон 3852
Нишонаи почта 656ххх
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Барнаул дар харитаи
Барнаул
Барнаул

Аҳолиаш 635 585[1] нафар, бо сокинони атрофаш 776,1 ҳазор нафар (2012). Масоҳаташ 321 км2. Маркази роҳи оҳан, бандари дарёӣ ва аэропорти байналмилалӣ дорад.

ТаърихВироиш

Дар солҳои 30 садаи XVIII таъсис ва соли 1971 ба шаҳр табдил ёфтааст. Аз соли 1822 маркази округи Олтойи кӯҳист. Дар нимаи дуюми садаи XIX Барнаул маркази бузургтарини Олтой ба ҳисоб мерафт. Саноати косибӣ, ордкашӣ, чармгарӣ ва истеҳсоли пӯстинҳои гӯсфандӣ тараққӣ карда буд. Аз соли 1917 маркази Губернияи Олтой. Соли 1930 дар Барнаул нахустин дар Сибир комбинати истеҳсоли газвори пахтагин сохта шуд, ки дар он асосан пахтаҳои Осиёи Миёна коркард мешуд. Дар давраи ҶБВ (1941–1945) корхонаҳо аз ноҳияҳои ғарбӣ кӯчонда шуданд.

СаноатВироиш

Барнаули имрӯза маркази муҳимми саноати мошинасозӣ, кимиё, саноати сабук ва маркази мадании Сибири Ғарбӣ аст. Истеҳсоли дегҳои буғӣ барои нерӯгоҳҳои барқӣ, таҷҳизот барои саноати истеҳсоли нафт, дизелҳо, дастгоҳҳои филиззбурӣ, таҷҳизоти механикӣ ва радиотехникӣ ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои калони таъмири қатора, киштӣ, фабрикаи гӯгирд, комбинатҳои резин, нахи сунъӣ ва бофандагӣ дорад. Тибқи нақша соли 1785 Барнаул мунтазам тараққӣ мекард, биноҳои муҳташами чӯбин қомат афрохта, сохилҳо мустаҳкам карда мешуданд. Дар садаи XIX маҷмӯи майдони Демидов, бинои заводи нуқрагудозӣ, табобатгоҳи ҳарбӣ (госпитал) (1819–1940), матбаа (1824), театр, ташхисгоҳ (1840), омӯзишгоҳи кӯҳӣ сохта шуданд.

МаорифВироиш

Айни замон дар Барнаул Донишгоҳи Олтой, донишгоҳҳои техникӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, педагогӣ, Донишкадаи санъати Олтой, театрҳои мухталиф, филармония, қасри варзиш, осорхонаи

МатбуотВироиш

Дар Барнаул 6 нашрияҳои чопии бузург, аз ҷумла «Алтапресс» фаъолият дошта, ба нашри мунтазами рӯзномаву маҷаллаҳо чун «Свободный курс», «Купи-Продай», «Молодёжь Алтая», «Вечерный Барнаул», «Маркер-Экспресс», «Автограф», «Монитор+», «Алтайская правда» мусоидат мекунанд.

ЭзоҳВироиш

ПайвандҳоВироиш

СарчашмаВироиш