Баромадани устухон

Баромадани устухон, беҷошавии устухон — ихтилоли бутунии бандҳо ва беҷо шудани нӯги буғумҳои устухон.

Баромадани устухон
МКБ-10 T14.314.3
МКБ-9 830830-848848
MedlinePlus 000014
eMedicine / 
MeSH D004204

Таснифот

вироиш

Баромадани устухон модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Беҷошавии ғайримодарзодии устухон дар натиҷаи садама ё ягон беморӣ ба вуҷуд меояд. Аз рӯи дараҷаи ихтилол баромадани устухон пурра ва нопурра мешавад. Ҳангоми пурра баромадан нӯги устухонҳо аз ҳамдигар ҷудо, дар мавриди нопурра баромадан бошад, нӯги онҳо ба ҳамдигар андак расида меистад. Баромадани устухон кушода (пӯсти болои бандҳо осеб меёбад) ва пӯшида (пӯсти болои банд осеб намебинад) мешавад.

Беҷошавии модарзодӣ

вироиш

Беҷошавии модарзодии устухони рон басо маъмул аст. Он ба инкишофи номукаммали банди косу рон вобастагӣ дорад. Ба ин иллат аксаран духтарчаҳо гирифтор мешаванд. Беҷошавии модарзодии устухони рон, одатан, яктарафа аст, вале баъзан аз ду тараф баромадани он низ мушоҳида мешавад. Беҷошавии модарзодии рони навзодҳо ва кӯдакони ширмакро фақат духтур муайян мекунад. Дар ин синну сол беҷошавии модарзодии ронро аз рӯи фарқияти ҷойи чинҳои ҳарду рон (аз тарафи даруни онҳо), то ҳади охир ба ду тараф дур карда натавонистани пойҳо, ба тарафи пеш пурра ёзонда натавонистани пой ва баъзан аз рӯи кӯтоҳии он пай бурдан мумкин аст. Ҳангоми пайдо шудани гумони беҷошавии модарзодии устухон фавран ба духтур муроҷиат бояд кард, чунки моҳҳои аввали ҳаёт онро бе ҷарроҳӣ бартараф кардан мумкин аст. Вақте ки кӯдак ба роҳравӣ шурӯъ кард, аломатҳои беҷошавии модарзодии устухон равшан зоҳир мегарданд (лангидан, аз тарафи устухони баромада кӯтоҳ будани пой). Дар мавриди аз ҳарду тараф баромадани устухон роҳгардии кӯдак гашти мурғобиро ба хотир меоварад. Агар беҷошавии модарзодии рон баъди дусолагии кӯдак ошкор гардад, онро фақат бо роҳи ҷарроҳӣ дуруст кардан мумкин аст.

Беҷошавии садамавӣ

вироиш

Беҷошавии садамавӣ, одатан дар натиҷаи ҳаракати барзиёд ё ҳаракати ноқулай, баъзан аз зарб хӯрдани банд ё ба он сахт фишор овардан ба амал меояд. Ҳангоми баромадани устухоне, ки сабаби он зарбулат аст, бандакҳо ва буғум низ осеб меёбанд (ғайр аз баромадани устухони ҷоғи поён). Ҳангоми беҷошавии садамавӣ (алалхусус дар банди бозу) мумкин аст рагҳои хун сахт фишурда ва ҳатто канда шаванд. Дар вақти баромадани устухон шакли банд тағйир меёбад, дард пайдо мешавад, ҷунбондани узв ғайриимкон аст. Беҷошавии садамавии устухонро бо роҳи ҷо ба ҷо кардан ва шикастабандӣ муолиҷа мекунанд. Бо мақсади расондани ёрии аввалин ҳангоми баромадани устухон даст ё пои баромадаро шикастабандӣ кардан лозим аст. Ба ҷояш даровардани устухон ва табобати минбаъдаи онро духтур дар дармонгоҳ ё беморхона баҷо меоварад. Зарардида ба табобатгоҳ ҳар қадар зудтар расонда шавад, ҷо ба ҷо кардани устухони баромада ҳамон қадар осонтар аст. Агар устухони баромада дар давоми 2-3 ҳафта ҷо ба ҷо карда нашавад, бофтаҳои нарми банд гӯшт мегиранд, дар он сурат барои дуруст кардани чунин беҷошавии «кӯҳнашуда», одатан, ҷарроҳӣ лозим меояд. Дар мавриди ҳангоми баромадани устухон ошкор гаштани аломатҳои осеби рагҳои хун фавран ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.

Баромадани устухони бозу бештар аз нисфи тамоми беҷошавиҳои садамавии устухонро ташкил медиҳад. Ба он дарди сахт ва ноҷунбонии куллии банди бозу, тағйир ёфтани шакли он хос аст. Бозуи осебёфта ба назар дароз менамояд. Бемор ба тарафи иллатёфта хам шуда, оринҷ ё бозуяшро медорад.

Баромадани устухони соид дар байни беҷошавии садамавии устухонҳо ҷойи дуюмро мегирад. Аломати он дарди банди оринҷ аст, ки баъзан ба панҷаҳо мегузарад. Соид овезон мешавад ва бемор онро бо дасти солим дошта меистад. Кабуд гаштан ё паридани ранги панҷаю ангуштон аломати хавфноки фишор хӯрдани рагҳои хуни оринҷ аст.

Баромадани устухони соиди кӯдакони хурдсол ҳангоми аз дасти онҳо сахт кашидан, дағалона ва беэҳтиёт пӯшондан ё кашидани либос рӯй медиҳад.

Баромадани устухони ангуштони даст бо дарди шадид ва ғайритабиӣ будани ҳолати ангушт зоҳир мегардад. Ангуштро ҷунбонда намешавад. Бештар нарангушти даст мебарояд. Ҳангоми баромадани устухони кушода онро бо бандинаи асептикӣ мебанданд. Дар аснои баромадани устухони пӯшида ёрии аввалин вақте лозим мешавад, ки имконияти ба духтур зуд муроҷиат кардан нест. Дар чунин маврид ҳолати ангушти баромадаро тағйир надода, панҷаро бо қабати ғафси пахта мепечонанд ва докапеч мекунанд.

Устухони рон бинобар сахт зарб ёфтан мебарояд. Аломатҳои он дарди шадид дар қисми банди косу рон, беҳаракатӣ, тамоман аз кор мондани пой мебошанд. Зонуи пои осебдида ба тарафи дарун андак моил ва ба пои солим наздик мешавад; баъзан пой ба тарафи берун тоб хӯрда, аз пои солим дур меистад. Агар шина набошад, пои баромадаро ба пои солим ҷафс карда мебанданд. Сипас беморро ба занбар рӯболо хобонда, ба беморхона мебаранд. Дар мавриди баромадани устухоне, ки рон ба тарафи берун дур шудааст, шинагузорӣ имконнопазир аст, бинобар он беморро ба занбари сахт (чапарак) хобонда мебаранд. Барои кам шудани дард аналгин (0,5 г), амидопирин (0,25 г) додан мумкин аст.

Устухони ҷоғи поён аз як ё ду тараф мебарояд. Сабаби он аз ҳад калон кушодани даҳон (ҳангоми хамёза, пораи калони хӯрокро газидан ва ғайра) аст. Аломатҳои дутарафа беҷо шудани устухони ҷоғи поён чунинанд: калон боз мондани даҳон, пеш баромадани ҷоғ, душвор гаштани фурӯ бурдани хӯрок. Дар аснои яктарафа беҷо шудани устухони ҷоғ даҳон нимбоз мемонад (он гӯё каҷ мешавад).

Беҷошавии одатӣ

вироиш

Мунтазам баромадани устухони ҳамон як бандро беҷошавии одатӣ меноманд. Баромадани устухон аз он сабаб одат мешавад, ки ҳангоми табобати якум ба хато роҳ дода шудааст (нодуруст ҷо ба ҷо кардани устухон, то муҳлати зарурӣ нигоҳ надоштани шикастабандӣ, барвақт сар кардани ҳаракат) ё аз сабаби ба духтур дер муроҷиат кардан муолиҷа душвор гаштааст. Устухонбароие, ки дар натиҷаи он бандакҳои буғум сахт осеб дидаанд, ҳатто баъди муолиҷаи дуруст ҳам метавонад одатӣ шавад. Дар ҳама гуна ҳолатҳо баъди бори аввал беҷо шудани устухон иллати бандакҳои буғум боқӣ мемонад, аз ин рӯ устухон аз андак сабаб метавонад такроран барояд. Чунончи, баромадани устухони китф, ки ҳодисаи маъмул аст, ҳангоми бардоштани бори вазин, аз ягон ҳаракати ноқулайи даст (баъзан ҳатто дар хоб) ва андак такон хӯрдан такрор меёбад. Беҷошавии одатии ангушти калони даст ва ҷоғи поён аҳёнан мушоҳида мегардад. Ёрии аввалин ҳангоми беҷошавии одатӣ ва зарбулатӣ як хел аст; баъзеҳо устухони баромадаи ангуштро (агар он одатӣ бошад) худ ҷо ба ҷо мекунанд. Зуд-зуд баромадани устухон (махсусан устухони китф) барои бемор ниҳоят гарон буда, муолиҷаи он фақат бо ҷарроҳӣ ва барқарор намудани бофтаҳои васлкунандаи банд имконпазир аст.

Адабиёт

вироиш
  • Урунбоев Д. Случай вправления застарелого двустороннего вывиха плечевой кости ӯ больных с лопаточно-перонеальной миопатией// Маҷ. Ортопедия, травматология и протезирование. М., 1980, № 10;
  • Урунбоев Д. Осебшиносӣ ва раддодӣ. Д., 1997.

Сарчашма

вироиш