Баромадан аз шаҳрвандӣ

Баромадан аз шаҳрвандӣ -яке аз асосҳои муҳими қатъ гардидани шаҳрвандӣ мебошад. Ҳамчун қоида, баромадан аз шаҳрвандӣ ин амали ихтиёронаи шаҳрванд мебошад, ки барои баромадан аз шаҳрвандии давлати муайян хоҳиш пайдо мекунад. Мувофиқи Конститутсия ҳар як шахс ҳуқуқи иваз кардани шаҳрвандии худро дорад. Аз ин сабаб, баромадан аз шаҳрвандӣ ба иродаи шахс вобастагӣ дорад ва дар ҳолати ба вуҷуд омадани он бояд шаҳрванд ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ (сардори давлат, мақомоти судӣ, мақомоти корҳои дохилӣ) бо ариза муроҷиат намуда, хоҳиши аз шаҳрвандии давлати муайян баромадани худро изҳор намояд. Бояд қайд намуд, ки қонунгузории аксарияти давлатҳои ҷаҳон ҳолатҳоеро пешбинӣ менамояд (ӯхдадории иҷронашуда дар назди давлат, уҳдадории иҷронашудаи молумулкӣ, донистани сирри давлатӣ ё ҳарбӣ ва ғайра), ки онҳо барои баромадан аз шаҳрвандӣ монеъ мешаванд. Дар ин ҳолат баромадани шахс аз шаҳрвандии давлат иҷозат дода намешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш

Қонун

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.87