Барот Мирзоев (12 март 1941, Шаватки Поён, вилояти Суғд2002, Душанбе) — физикдон, номзади илмҳои физика ва математика (1979), профессор (1995).

Барот Мирзоев
Таърихи таваллуд 12 март 1941(1941-03-12)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2002
Маҳалли даргузашт
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва метаматика[d] (1979)

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1959—1964 дар факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1964—1974 муаллими мактаби миёнаи зодгоҳаш, 1972—1976 аспиранти шуъбаи ғоибона, 1972—1979 лаборанти калон ва ассистенти кафедраи физикаи умумӣ ва кафедраи методикаи таълими физика, 1979—1982 муаллими калон, 1982—1993 дотсенти кафедра, 1993—2002 профессор ва мудири кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Ҳамзамон, солҳои 1979—1980 вазифаи муовини декани факултети физика, 1980—1989 декани факултети физикаи донишкадаи омӯзгориро ба уҳда дошт. Солҳои 1975—1990 дар ташкил ва гузаронидани дарсҳои телевизионӣ, намоишҳои илмию оммавӣ барои мактабиён тавассути телевизион саҳм гирифтааст. Оид ба аҳамият ва мавқеи масъалаҳои сифатӣ дар таълими физика ва дигар масъалаҳои таълими физика кори илмӣ бурдааст.

Таълифот

вироиш

Муаллифи зиёда аз 140 номгӯи корҳои илмию методӣ мебошад, ки 40 номгӯи онҳоро васоити методию таълимӣ ташкил медиҳанд. Ӯ узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Маърифат», узви Шӯрои ҳамоҳангсози илмҳои педагогии Вазорати маорифи Тоҷикистон ва раиси Шӯрои илмию методии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1996) сарфароз гардидааст.

  • Салом физика, Д., 1984;
  • Супоришҳои программавӣ аз физика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1991;
  • Ҳалли масъалаҳо аз физика. Қ. 1-5 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1998.

Пайвандҳо

вироиш