Барот Сайид (тав. 15 июни 1930, деҳаи Билисуфи ноҳияи Данғара) — шоиромӯзгор ва рӯзноманигори тоҷик. Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.

Барот Сайид

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи омӯзишгоҳи педагогии Қӯрғонтеппа (1948) ва Институти давлатии педагогии Душанбе (1955). Омӯзгор, нозири Вазорати маорифи Тоҷикистон (1955-60), методист ва омӯзгори мактаб-интернати Лучоб (1960-68), директори мактаби миёнаи № 30 ноҳияи Бохтар (1968-88), корманди бахши хатлонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон (1988-89). Аз соли 1989 нафақагир, машғули кори эҷодӣ мебошад. Асарҳои мансури Барот Сайид дар романи чорҷилдаи «Дуд дар осмони Билисуф» (2003—2006), повестҳои «Эҳё» (2007), «Нерӯи ишқ» (2008), романи «Ёрони Восеъ» (дар 2 ҷилд, 2008—2010), «Сояҳои тирашаб» (2011) фароҳам омадаанд. Б. С. муаллифи маҷмӯаҳои ашъор, аз қабили «Рангоранг» (1997), «Рози дил» (1998), «Доллар» (1999), «Нишона» (2000), достони «Ҷаласаи иқбол» (2002), «Кошонаи меҳр» (2008) мебошад. Ба тарҷумаи осори бадеӣ (аз русӣ ба тоҷикӣ) низ машғул шудааст.

Мукофоту медалҳо вироиш

Бо медали «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002) сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 2004.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш