Барот Қосим
Барот Қосим (форсӣ: برات قاسم; нимаи дуюми садаи XIX) — хаттоти тоҷик.
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Самарқанд. Дар навиштани хатти насх ва настаълиқ устод будааст. Ба саҳҳофӣ, заргарӣ, муҳрканӣ низ шуғл варзидааст. Лавҳаҳои ёдгориҳои меъмории Самарқандро хаттотӣ намудааст. «Самария» ном асари доир ба таърихи Самарқанд офаридаи Абутоҳирхоҷаи Самаркандиро аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷума намуда, онро бо хатти настаълиқи хоно ва зебо китобат кардааст, ки ҳоло дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Барот Қосим / С. Султонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.