Барсем
Барсем — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ, дар соҳили рости дарёи Ғунд, дар сари роҳи автомобилгарди Ӯш-Хоруғ ҷойгир аст. Аз Барсем то маркази ҷамоати деҳот 1 км, то шаҳри Хоруғ 19 км. Аҳолиаш 1097 нафар (2012), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | ВМКБ |
Ноҳия | Шуғнон |
Ҷамоат | Деҳоти Сучон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1097 тан (2012) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 |
Иқтисод
вироишДеҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, клуб, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва бунгоҳи тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Ғунд ва наҳри Барсемдара обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Барсем // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.