Барсовуш (форсӣ: أشرف‎, лот. Perseus, русӣ: Персей) Баршовуш, Баршавуш, Фарсовуш — Ҳомили раъсу-л-ғул (барандаи сари дев), бурҷи Нимкураи шимолии Осмон, ки ба шарафи қаҳрамони юнонӣ — Персей гузошта шудааст. Аз рӯйи асотири юнонӣ Персей бояд сари Медузаи Горгонро бурида, ҳамчун туҳфаи тӯй ба Диктус (бародари шоҳи ҷазираи Сериф – Полидект) биёрад. Бо ёрии худоён Гермес ва Афина ӯ сари Медузаро (дар манобеи исломӣ – Ғул), ки аз нигоҳаш ҳама чиз санг мешуд, бурида меоварад. Дар бозгашт ӯ Андромедаро (ниг. низ Андромеда) аз махлуқи обӣ (Кит) наҷот медиҳад. Барсовушро мунаҷҷими тоҷик Абдурраҳмони Суфӣ мушоҳида намуда, «… ҳамаи ситорагони Барсовуш миёни ду сурати фалак Сурайё (Хӯшаи Парвин) ва Зоту-л-курсӣ (Кассиопея) қарор доранд» навиштааст. Дар бурҷи Барсовуш ситораи машҳури тағйирёбандаи Алғул (β Per) ва радианти сели солонаи шиҳобии Барсовушиҳо ҷойгиранд. Барсовуш дорои ситораҳои зиёди бузургии ситоравиашон аз дувум то ҳафтум аст, ки 68-тояшон таҳқиқ шудаанд. Дигар ситораи машҳури Барсовуш – Мирфақ (α Per) аст (бузургии ситоравиаш 1,79m). Равшании Мирфақ аз Офтоб 5000 маротиба, қутраш 62 маротиба калон буда, дар масофаи 590 с. р. аз Замин ҷойгир шудааст. Ғайр аз ин ҷирмҳо дар Барсовуш инчунин дигар объектҳои ҷолиби диққат – тарокумҳои дучандаи ситоравӣ (NGC 869, NGC 884), тарокуми парокандаи М34, туманоти М76 («Гантели хурд») ва NGC 1499 («Калифорния») ҷойгиранд. Барсовуш дар арзҳои аз +90° то – 31° хуб мушоҳида мешавад.

Сарчашма вироиш