Бартанг (деҳа)
Бартанг — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон. Деҳоти Бартанг дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Сипонҷ ҷойгир аст. Аз Бартанг то маркази ноҳия 45 км; то маркази вилоят 109 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 342 нафар (2012), тоҷикон. Бартанг мактаби таҳсилоти миёнаи асосӣ, мактаб-интернат, дорухона, табобатхонаи минтақавӣ, китобхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёчаи кӯҳӣ обёрӣ мешаванд.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.