Бартер
БÁРТЕР, муомилоти бартерӣ (аз англ. barter) — мубодилаи мол дар шакли табиӣ; ивази як мол ба моли дигар бидуни пардохти маблағ. Ба ҳам мувофиқат кардани арзиш ё мувозанаи молҳои бадалшаванда аз ҷониби тарафайн бо тартиб додани шартномаи додугирифт муқаррар мегардад. Дар шартнома арзиши молҳои ивазшаванда ё бо миқдору шумори бор ва ё бо нархгузорӣ муайян карда мешавад. Дар муомилоти Бартерӣ ҳар тараф дар симои ҳам харидор ва ҳам фурӯшанда падид меояд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Н. Хоналиев. Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2
Сарчашма
вироишДар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
- Бартер // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.